Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теппаи Бохтар сӯрох шудааст. “Бибихонум”-ро бастанд. ВИДЕО


Теппае дар Бохтар, ки дар он осорхона бунёд карда буданд.
Теппае дар Бохтар, ки дар он осорхона бунёд карда буданд.

Теппаи маъруф дар Бохтар, Қурғонтеппаи собиқ, ки макони тамошои сайёҳон ва сокинон аст, сӯрох шудааст ва бинои осорхонаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ин теппа ва осорхонаи “Бибихонум” дар болои он аз маъруфтарин макон дар Бохтар дониста мешаванд.

Чунин ҳолат соле боз давом дорад, вале мақомот ҳанӯз дар пайи ислоҳи вазъ нашудаанд.

Дар шаҳр овоза пайдо шудааст, ки эҳтимол теппаи қадимиро тахриб кунанд.

Дар ҳукумати шаҳри Бохтар гуфтанд, ки кӯчондани осорхона ба хотири садамавӣ шудани теппа дар назар аст, вале нақшаи тахриби теппа ҳақиқат надорад.

Сиҷоудин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар гуфт: “Соли 2015-ум баъзе ҷойҳои ин қалъа таъмир карда шуд, тарқишҳо ба амал омада буд. Дар натиҷаи боришот ва гармиҳо ин табиӣ аст. Ду соли ахир ин таркишҳо зиёд шуд, мо тасмим гирифтем, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш осорхонаро ба кохи фарҳанг кӯчонем.”

Видеoро инҷо тамошо кунед:

Теппаи Бохтар сӯрох шудааст. “Бибихонум”-ро бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Мақомот мегӯянд, ки таъмири бино ва осорхона вобаста ба буҷаи ҳукумат аст. Агар сармоя шавад, эҳтимол то соли 2024 хатарро бартараф кунанд.

Номи қаблии Бохтар ба хотири ҳамин теппа Қӯрғонтеппа номгузорӣ шуда буд.

Номи шаҳр иваз шуд, вале ин теппа ҳанӯз чун рамзи шаҳр барои сокинон боқӣ мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG