Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони лаби хомӯш: ҳузури Соя дар Тоҷикистон


Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷи Соя. Теҳрон, 27 октябри соли 2013
Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷи Соя. Теҳрон, 27 октябри соли 2013

Исфандиёри Одина,
рӯзноманигори озод

Замоне ки тоза ба ҳадди булуғ мерасидам, китобе ба дастам уфтод, ки фикр мекунам таъсири жарфе бар рӯҳияи ман гузошт, чунончи муддати мадиде дил бар он барниҳода ва чашм аз он барнамедоштам. Маҷмӯъае буд аз ашъори сухансароёни ҷадиди Эрон ба номи “Амвоҷи Корун”, ки дар соли 1973 ба кӯшиши адабшиноси фақид, Аълохони Афсаҳзод, чоп шуда ва шеърҳое аз Ҳушанги Ибтиҳоҷи Сояро низ дар бар дошт. Аз ҷумла ғазали машҳури “Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ”, ки Зафари Нозим, овозхони саршинос, оҳанге бар он баста буд ва садои ӯро, то бузург шудем, ҳамора аз родиюи Тоҷикистон мешунидем.

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромуш мекунӣ...
Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Эй моҳ, бо ки даст дар оғӯш мекунӣ?

Даврони донишҷӯии мо, ки бо замони ҷанги дохилии Тоҷикистон мусодиф буд, бештар бо шунидани таронаҳое аз Аҳмади Зоҳир сипарӣ шуд – овозхони фақид, ки низ ин чакомаро ба лаҳне бисёр ғамангез ва ҷаззоб месуруд. Ин ғазал вирди забони мо буд – насли даврони ҷанг, насли сӯхтаву сӯгвор, насли маҳрум, насли гуруснаву ошиқ. Тайи ду рӯзи ахир мавҷе аз сӯгномаҳо, аз ҷумла ҳовии ин ғазал, бар паҳнаи тоҷикистонии Фейсбук сарозер шуд. Шоъири пуровоза Гулрухсори Сафӣ аз Соя ба ъунвони “шоъири шеърҳои офтобӣ” ном бурда ва менивисад:

Шеър шери бешаи андешаи бехоби шоирҳост.

Шеър беморист! Бемории зист!..

Офтоб ҳарчанд андар соя ранги заъфарон дорад,

Меҳри Соя арғавонӣ,

Шеъри Соя офтобист!...

Аз лобалои ин сугномаҳо чашмам ба ғазале аз Мағфирати Юсуфӣ уфтод, ки ба ин шеъри Соя посух медод – урфе, ки дар миёни шуъаро аз қадим роиҷ буда ва ба ин орояи адабӣ “назира” ё “ҷавобия” гӯянд: шоъире матлаберо баён мекунад ва шоъири дигар ё бар ҳамон вазну қофия чакомае месарояд ё дар тақобул бо гӯяндаи аввал матлабе тоза ва гоҳ мутазод баён мекунад ва бо ӯ ба муколима мепардозад:

Чун ҳарфи пуршарори туро гӯш мекунам,
Андӯҳу дарди хеш фаромӯш мекунам...
Ту меравию пушти сарат гиря мекунам.
Ёде аз он хумори шаби дўш мекунам.

Аввалин маҷмӯъаи ашъори Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷи Соя дар Тоҷикистон ба номи «Замин» дар даврони Шӯравӣ ба кӯшиши устоди донишкадаи ховаршиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Луқмон Нуъмонуф, чоп шуд. Ашъори Соя дар тазкираҳо ва маҷмӯъаҳои дигаре аз осори шоъирони эронӣ ва ҳамчунин дар нашрияҳои адабию фарҳангии Тоҷикистон ба хатти сириллик чоп шудааст.

Сояҳо, зери дарахтон, дар ғуруби сабз мегирянд,
Шохаҳо чашминтизори саргузашти абр,
В-осмон чун ман ғуборолуди дилгире,
Бод бӯи хоки боронхӯрда меорад...

Соле пеш маҷмӯъае аз ашъори Соя ба номи «Роҳеву оҳе» ба кӯшиши Исмоили Зарифӣ, рӯзноманигор ва шоъир, дар Душанбе мунташир шуд. Зоҳиран ин аввалин китобаш буд, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон чоп шудааст. Оқои Зарифӣ қабл аз чопи ин маҷмӯъа дар сафҳаи фейсбукии худ ибрози таассуф карда буд, ки Сояро дар Тоҷикистон “кам медонанд ва кам мехонанд.”

«Гуфтанӣ нестам, ки мо Сояро намешиносем, шеъри ӯро намедонем. Ашъори ӯ борҳо дар маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Паёми Суғд”, “Адаб” ва дигар нашрияҳои давриву маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба нашр расидаву аҳли адаб ва мутолиа шеъри ӯро мехонанд, чанде аз фарҳангиёни мо бевосита бо шоир саодати ошноӣ доранд. Вале то имрӯз китоби ӯ дар ватани мо нашр нашудааст.»

Албатта, ба истиснои Фурӯғ ва Нодирпур, ки аз маҳбубияти болое бархурдоранд, бисёре аз ҳаводорони шеър дар Тоҷикистон шинохти чандоне аз шуъарои ду қарни ахири Эрон, аз ҷумла Соя, надоранд, ҳарчанд мисраъе аз як шеъри ӯ ба номи “Эрон, эй саройи умед” дар замони тазоҳуроти даҳаи 1990 ба шиъори муътаризон алайҳи низоми Шӯравӣ дар Душанбе табдил шуда буд. Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии маъруф, ки се сол пеш дар зиндоне дар ҳаволии ин шаҳр даргузашт, ин шиъорро бо садои гиро мехонд ва мардум ҳамовозӣ мекарданд:

Эрон, эй саройи умед, бар бомат сапеда дамид,
Бингар, к-аз ин раҳи пурхун, хуршеди хуҷаста расид...

Эй Эрон, ғамат марасод!
Ҷовидон шукӯҳи ту бод!
Роҳи мо, роҳи ҳақ, роҳи беҳрӯзист,
Иттиҳод рамзи пирӯзист!...

Ин аз ҷумлаи ашъори сиёсии Соя аст – шоъире, ки камтар ба сиёсат пардохта ва бештари нивиштаҳояш ошиқона ва тағаззулӣ аст, ҳарчанд ба хотири тамоюлоти чапгароёна ва пуштибонӣ аз ҳизби Тӯда чанд моҳеро пас аз инқилоби Эрон дар зиндон сипарӣ кард. Аз ашъори дорои мазомини сиёсию иҷтимоъии таъсиргузори ӯ, шеъри “Дер аст, Голиё” аст, ки гароишҳои чапии ӯро бозтоб медиҳад:

Дар гӯши ман фасонаи дилдодагӣ махон,
Дигар зи ман таронаи шӯридагӣ махоҳ,
Дер аст Голиё!...
Зебост рақсу нози сарангуштҳои ту,
Бар пардаҳои соз,
Аммо ҳазор духтари бофанда ин замон,
Бо чирку хуни захми сарангуштҳояшон,
Ҷон мекананд дар қафаси танги коргоҳ,
Аз баҳри дастмузди ҳақире, ки беш аз он
Партоб мекунӣ ту ба домони як гадо...

Баъд аз раҳоӣ аз зиндон, Соя муддате ба мутолеъаи девони Ҳофиз машғул буд ва тафсири хосси худро аз ғазалиёти ӯ ироа дод. Ин мутолеъа дар осори худаш низ бетаъсир набуд ва аксари мунтақидон бар ин боваранд, ки Соя дар оғоз дар ғазал аз Ҳофиз пайравӣ мекард, вале батадриҷ роҳи худро паймуд.

Диле, ки пеши ту раҳ ёфт, бозпас наравад.
Ҳавогирифтаи ишқ аз пайи ҳавас наравад...
Дило бисӯзу ба ҷон барфурӯз оташи ишқ,
К-аз ин чироғи ту дуде ба чашми кас наравад...
Бар остони ту чун Соя сар ниҳам ҳама умр,
Ки ҳарки пеши ту раҳ ёфт, бозпас наравад.

Ғазали орифонаи дигаре аз ӯ бештар рангу бӯи ашъори Мавлоноро дорад:

Мужда бидеҳ, мужда бидеҳ, ёр писандид маро,
Сояи ӯ гаштаму ӯ бурд ба хуршед маро,
Каъба манам, қибла манам, сӯи ман оред намоз,
Кон санами қибланамо хам шуду бусид маро.


Ҳушанги Ибтиҳоҷ дар замоне по ба ъарсаи адабиёт гузошт, ки насле аз шоъирони ҷадид бо сабки тозае рӯи кор омад. Саромади сабки ҷадид Нимо Юшиҷ буд ва касоне чун Аҳмади Шомлу, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Фаридуни Муширӣ, Ядуллоҳи Рӯъёӣ ва дигарон аз муҳимтарин намояндагони он буданд. Он замон, баҳсу ихтилофоте низ байни тарафдорони сабки суннатӣ ва ҷадид даргирифт. Соя дар ҳарду сабк ашъоре тару тоза суруда ва маъноҳо ва мазомине бадеъ халқ кардааст, монанди ин дубайтӣ, ки моро ба ёди таронаҳои Бобо Тоҳир мебарад:

Чу най месӯзам аз доғи ҷудоӣ,
Дареғо, эй насими ошноӣ,
Чунон гаштам ғуборолуди ғурбат,
Ки нашносам, ки худ будам куҷоӣ.

Соя дар соли 1987 ба Олмон рафт ва бақияи умри худро ағлаб дар онҷо сипарӣ кард ва ҳамонҷо даргузашт, агарчӣ соле чанд бор ба Эрон ҳам сафар мекард. Ба гуфтаи Умари Сафар, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Соя боре барои ширкат дар яке аз ҷашнҳо ба Душанбе даъват шуда буд, вале ин сафар анҷом нашуд. Бо ин ҳол, ҳузури Соя дар Тоҷикистон маҳсус аст ва дар оянда шояд пуррангтар шавад. Бавижа ин ки худи устод Сафар мегӯяд шуморе аз ашъори Сояро дар родиюи Тоҷикистон қироат ва забт карда ва ин садоҳо гоҳгоҳе пахш мешавад. Алоқамандони шеъраш метавонанд видеуҳои бисёре аз шеърхонии худи ӯро низ дар Ютюб ва шабакаҳои дигари иҷтимоъӣ бибинанду гӯш кунанд.

Нишастаам ба дар нигоҳ мекунам,
Дарича оҳ мекашад,
Ту аз кудом роҳ мерасӣ?
Хиёли диданат чи дилпазир буд,
Ҷавониям дар ин умед пир шуд,
Наёмадиву дер шуд...

Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ, мутахаллис ба Соя, зодаи 1306 хуршедӣ (1928) дар Рашт, дар шимоли Эрон, буд. Нахустин маҷмӯъаи осораш ба номи “Нахустин нағмаҳо” дар соли 1325 дар Теҳрон мунташир шуд. Баъд маҷмӯъаҳое ба номҳои “Сароб”, “Сиёҳмашқ”, “Шабгир”, “Чанд барг аз Ялдо” низ интишор дод.

Ғазали “Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ” дар ин шабу рӯзҳо беш аз гузашта дар фазои маҷозӣ танинандоз аст. Гӯшҳои зиёде аз ҷумла дар Тоҷикистон ба қиссаи дили хомуши Соя гӯш медиҳанд, вале умед аст, ки ин “шоъири шеърҳои офтобӣ” монанди ин қисса ба ин зудиҳо фаромуш нашавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG