Дар ноҳияи Қубодиён як марди 80-соларо бо гумони "бадахлоқӣ ва дастдарозӣ ба занон" боздошт кардаанд.
Биноба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, сокини як деҳа дар Қубодиён худро ба мардум муллои ҷинбарор муаррифӣ карда, ба кирдорҳои шармовар даст мезадааст.
Мавқеи ин мард ва наздикони ӯ маълум нест, вале дар гузашта наздикони афроде, ки бо чунин айб боздошт шуда буданд, онро тӯҳмат номида буданд. Мақомоти тоҷик чанд сол боз аз тариқи телевизион аз боздошти афроде бо муаррифии "мулло" ё "ҷодугар", бо ҷурми бадахлоқӣ, намоиш медиҳанд. Коршинсон инро як маъракаи бадномсозии рӯҳониён дар ҷоема ва коҳиши нуфузи онҳо медонанд.
Дар хабари ВКД гуфта мешавад, ки марди 80-сола дар пайи шикояти як зани сокини ноҳияи Носири Хусрав боздошт шудааст. Зан гуфтааст, пирамард нисбати ӯ ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом дод.
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, мард бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи даво бахшидан занонро ба худ ҷалб ва ба онҳо пешниҳоди ҳамхобагӣ мекардааст. Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ин марди 80 сола нашр кардааст, ӯ мегӯяд, кораш нодуруст буд.
Нисбати ӯ барои иҷрои “ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ” бо модаи 142, қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо нашри навор аз ошкор шудани ҷинояти аз сӯйи муллоқои ба қавли ин ниҳод “шаҳватпараст” хабар медиҳад. Муннақидоини ҳукумат мегӯянд, чунин наворҳо барои бадном кардани мухолифин низ истифода мешавад.
Гуфтугӯ