"Майдони парчам", ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, даҳ моҳ пеш дар ноҳияи Мӯъминобод боз карда буд, ба партовгоҳ табдил ёфтааст.
Шаш моҳ пеш Радиои Озодӣ аз вайрон шудани ороиш ва фурӯ нишастани замини ин майдон гузориш дода буд. Мақомоти маҳаллӣ дар нишасти хабарии ду ҳафта пеш гуфтанд, он камбудиро ислоҳ кардаанд, вале хабарнигори Радиои Озодӣ шоҳид шуд, ки чизе тағйир накардааст.
Видеоро инҷо бинед:
Саъдӣ Баротов, сардори шуъбаи сохтумонии ноҳияи Мӯъминобод гуфт, ки дар ҳақиқат пас аз бозшавӣ қисме аз майдон хароб шуда буд, вале онро дубора бозсозӣ карданд.
Ҳангоми наворбардорӣ баръакси гуфтаҳои мақомдоронро дидем. Дарахтон дар ин майдон хушкида ва атрофи он пур аз партов буд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баъди гузориш мақомот намоишкорона дар пайи ислоҳи вазъ шуданд, вале корро то охир давом надоданд.
Раиси ноҳия дар нишасти хабарии шаш моҳи пешаш гуфта буд, ки комиссияи ҳукуматӣ "Майдони парчам"-ро расман қабул накардааст. Лутфия Шарифзода, раиси ноҳияи Муъминобод гуфта буд, ки "корҳои сохтмоние, ки ба анҷом мерасанд, як сол меистад, бояд боронро бубинад, барфро бубинад, шиштан дорад, баъд баррасӣ мешавад."
Маълум нест, ки чаро бо вуҷуди расман қабул нашудани сохтмон онро президенти Тоҷикистон ҳамчун сохтмони ба анҷом расида, ба истифода додааст.
Пас аз баҳси ин мавзӯъ дар нишасти матбуотӣ мақомот дубора дар пайи ислоҳи камбудиҳо шуданд.
Пояи Парчами ноҳияи Мӯъминобод 45 метр дарозӣ дорад. Дар ҳукумати Муъминобод дақиқ намегӯянд, ки барои сохтмонаш чӣ қадар маблағ сарф шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, пайваста ба минтақаҳо сафар мекунад ва дар расми ифтитоҳи иншооти хурду бузург иштирок мекунад. Дар гузашта ҳолатҳое ошкор шуда буд, ки пас аз сафари президент корхонаҳо дигар кор намекунанд ва хароб шудаанд.
Гуфтугӯ