Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки бо иштироки беш аз 1700 шатранҷбоз аз 186 кишвар аз 28-уми июл то 9-уми август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон доир гардид, натиҷагирӣ шуд.
Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо касби 12 имтиёз (5 ғалаба, 2 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 188 даста мақоми 67-умро касб кард.
Дар мусобиқаи мардон дастаи Узбекистон бо касби 19 имтиёз (8 ғалаба ва 3 мусовӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Зимнан, ин аввалин пирӯзии мунтахаби Узбекистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот мебошад.
Тими Арманистон дуюм ва дастаи Ҳиндустон-2 сеюм шуданд. Ҷои чаҳорумро дастаи Ҳиндустон ва мақоми панҷумро дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирифтанд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон дар 11 бозӣ бо касби 11 имтиёз (4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 4 бохт) дар байни 162 даста мақоми 78-умро ишғол кард.
Дар мусобиқаи занон дастаи Украина бо касби 18 имтиёз (ҳафт ғалаба ва чаҳор мусовӣ) ғолиб шуд. Бонувони шатранҷбози Гурҷистон дар ҷойгоҳи дуюм, тими Ҳиндустон дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтанд. Дастаҳои ИМА ва Қазоқистон мутаносибан чаҳоруму панҷум шуданд.
Натиҷаҳои дастаи мардонаи Тоҷикистон (Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Илҳоми Ҷалолиддин ва Шораҳмат Ҳисориев (капитан ё сартим):
Тоҷикистон – Ҷазираҳои Вирҷинии Бритониё – 4:0
Тоҷикистон – Қазоқистон – 2,5:1,5
Тоҷикистон – Словакия – 0,5:3,5
Тоҷикистон – Белгия – 1,5:2,5
Тоҷикистон – Суринам – 4:0
Тоҷикистон – Андорра – 0,5:3,5
Тоҷикистон – Ҳаитӣ – 4:0
Тоҷикистон – Сингапур – 2:2
Тоҷикистон – Эстония – 2,5:1,5
Тоҷикистон – Чили – 1,5:2,5
Тоҷикистон – Ирландия – 2:2
Натиҷаҳои дастаи занонаи Тоҷикистон (Надежда Антонова, Мутриба Ҳотамӣ, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Лидия Антонова ва Саодат Одинаева (капитан ё сартим):
Тоҷикистон – Ҳиндустон – 0:4
Тоҷикистон – Қирғизистон – 0:4
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ – 4:0
Тоҷикистон – Барбадос – 4:0
Тоҷикистон – Ирландия – 0:4
Тоҷикистон – Суринам – 4:0
Тоҷикистон – Исландия – 2:2
Тоҷикистон – Тайпейи Чин – 4:0
Тоҷикистон – Дания – 1,5:2,5
Тоҷикистон – Нигерия – 2:2
Тоҷикистон – Боливия – 2:2
Бояд гуфт, ки Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аз соли 1924 дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Соли 2018 чорабинии бузурги шоҳмот дар шаҳри Батумии Гурҷистон барпо гардида буд. Ба иллати пандемияи коронавирус солҳои 2020, 2021 Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба таври фосилавӣ баргузор шуд.
Гуфтугӯ