Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, таксиҳои "7 сомона"-ро "ғам" намедиҳанд, вале кам мекунанд. ВИДЕО


"Таксии мардумӣ" дар хиёбони Душанбе. Акс аз соли 2017
"Таксии мардумӣ" дар хиёбони Душанбе. Акс аз соли 2017

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз коҳиши назарраси таксиҳои ба истилоҳ "мардумӣ" ё "7 сомона", ки дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, хабар дода, ҳамзамон хост чунин таксиҳо корашонро идома диҳанд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар, рӯзи 5-уми август ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, теъдоди чунин таксиҳоро аз 1320 адади соли 2020 ба 825 то расониданд.

Вазир дар посух ба пурсиши яке аз хабарнигорон посух дод, ки "теъдоди ҳамин гуна таксиҳо дар соли 2020, агар 1320 адад бошад, соли 2021 1065 ва соли 2022 825 то шуд, яъне 23 фоиз коҳиш ёфт. Марҳила ба марҳила ин масъаларо мо ҳал мекунем. Лекин монед, ки ҳамонҳо ҳам зиндагияшонро пеш баранд, 5-6 хуранда доранд як кас кор мекунанд".

Вазир дақиқан нагуфт, ки аз кадом роҳ шумори чунин таксиҳоро кам намудаанд. Танҳо ишора намуд, ки ин гуна таксиҳоро "ҷо ба ҷо кардаанд" ва аз ҷонби Хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои ба танзим даровардани фаъолияти онҳо пайваста корҳои нозиротиву рейдҳо гузаронида шуда, чораҳои дахдлдор сурат мегирад.

Навор дар бораи таксиҳои мардумӣ аз бойгонии Радиои Озодӣ:

"Таксии мардумӣ" барои бисёриҳо дастнорас мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Мақомот борҳо аз ҷаримабандии ин гуна таксиҳо хабар дода буданд. Дар гузашта баъзе ронандаҳои ин гуна таксиҳо гуфта буданд, ки мушкили пайдо намудани кори муносиб онҳоро водор намудааст, ба мусофиркашонӣ машғул шаванд ва ин корро ягона манбаи даромадашон арзёбӣ мекарданд.

Таксиҳое, ки ҳоло вазир мегӯяд, шуморашонро кам намудаанд, ба таври ғайрирасмӣ дар хатсайрҳои Душанбе бо 7 сомонӣ сари як нафар ба мардум хидматрасонӣ мекунанд. Пештар нархи хидматрасонии ин таксиҳо 3, баъдан 5 ва бештар аз як сол мешавад, ки 7 сомонӣ шудаанд. Худи ронандаҳо далели афзоши нархи хидматрасонияшонро гаронии қимати сӯзишворӣ арёзбӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG