Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари дафтари Amnesty International дар Украина аз мақомаш истеъфо дод


Оксана Покалчук, ки аз раҳбарии дафтари Amnesty International дар Украина истеъфо дод, гуфт, ки раҳбариятро огоҳ намуд, ки гузориши онҳо якҷониба аст
Оксана Покалчук, ки аз раҳбарии дафтари Amnesty International дар Украина истеъфо дод, гуфт, ки раҳбариятро огоҳ намуд, ки гузориши онҳо якҷониба аст

Раҳбари дафтари созмони Amnesty International дар Украина гуфт, ки баъди нашри гузориши ахири ин созмон, ки, ба гуфтааш, ба таблиғоти зиддиукраинии Кремлин аз роҳи интиқоди шеваи рафтори низомиёни украинӣ дар ҷанги беасоси Русия кӯмак кардааст, аз мақомаш истеъфо медиҳад.  

Гузориши созмони Amnesty International ё Афви банулмилал, ки рӯзи 4-уми август нашр шуд, мавриди маҳкумияти бисёриҳо дар Украина гардид. Дар ин гузориш муаллифон нирӯҳои интизомии Украинаро барои дар хатар гузоштани ҷони сокинони мулкӣ аз роҳи сангар гирифтан дар биноҳои истиқоматӣ ва мактабу беморхонаҳо танқид кардаанд.

Оксана Покалчук дар изҳорои фейсбукиаш оид ба сабаби истеъфояш аз раҳбарии намояндагии ин созмон дар Украина рӯзи 5-уми август навишт: “Вақте шумо дар кишваре зиндагӣ намекунед, ки аз ҷониби ғосибон ишғол шудаасту онро пора-пора мекунанд, шумо шояд дуруст дарк намекунад, ки маҳкум кардани артиши мудофеони он чӣ маъно дорад”. Ӯ афзуд, ки “ҳеҷ забони дигаре наметавонад касеро, ки ин дардро эҳсос мекунад, водор кунад, ки фикрашро тағйир диҳад”.

Покалчук гуфт, ки талош кард ба раҳбарияти калони Amnesty International бифаҳмонад, ки ин гузориш якҷониба мешавад ва дар он мавқеи ҷониби Украина пурраву дуруст баён нашудааст, вале, ба гуфтааш, назарҳои ӯ нодида гирифта шуданд.

Агнес Калламард, дабири кулии Amnesty International дар вокуниш ба қарори аз кор рафтани Оксана Покалчук гуфт: “Оксана узви арзишманди тими кормандони Amnesty буд ва дафтари Amnesty International дар Украинаро давоми ҳафт сол бо муваффақиятҳои калон дар бахши ҳуқуқи башар раҳбарӣ кардааст. Мутаассифем, ки ӯ корхонаро тарк мекунад, вале мо қарори ӯро эҳтиром мекунем ва барояш муваффақият орзу дорем”.

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, ки дар доираи таҳияи ин гузориш рӯзи 29-уми июл ба мақомоти вазорати дифоъ дар Киев муроҷиат карданд, вале ҳеҷ ҷавобе дарёфт нашуд. Вале ба андешаи Покалчук, ин огаҳӣ кофӣ набуд. Ӯ гуфт, “Дар натиҷа, ин созмон нохоста гузорише нашр кард, ки мисли пуштибонӣ аз сӯҳбатҳои Русия садо медиҳад. Дар талоши ҳимоят аз мардуми мулкӣ ин гузориш баръакс, ба силоҳи таблиғоти Русия табдил шуд”.

Дар гузориши Amnesty International гуфта мешавад, ки дар 19 ҳолат нирӯҳои украинӣ ҳаёти сокинони мулкӣ дар деҳоти минтақаҳои Харков, Донбас ва Миколаевро таҳти хатар қарор доданд. Калламард гуфт: “Мо ҳолатҳои дар хатар гузоштани ҳаёти мардуми мулкӣ ва поймол кардани қонунҳои ҷангро ба ҳангоми амал дар минтақаҳои аҳолинишин ҳуҷҷатгузорӣ кардем”. Ӯ гуфт, “дар ҳолати дифоӣ қарор доштани низомиёни украинӣ боз ҳам масъулияти онҳоро дар заминаи эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ озод намекунад”.

Ҳукумати Украина ин гузоришро ба шиддат маҳкум кард. Айни замон, Кремлин ва матбуоти русӣ аз он дар таблиғоти худ фаровон истифода карданд.

Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба иттиҳомҳои дар гузориш ёдшударо “ноодилона” ва вазири дифоъ Олексий Резников “таҳрифшуда” номид.

Президент Владимир Зеленский гуфт, ки созмони ҳомии ҳуқуқ бо ин гузоришаш “як давлати террористиро афв карда таваҷҷӯҳро аз таҷовузгар ба қурбонӣ бурд”. Ӯ гуфт, “агар касе гузорише менависад, ки дар он таҷовузгар ва қурбонӣ бо кадом роҳе дар мавқеи баробар бояд бошанд, агар бархе маълумот дар бораи қурбонӣ таҳлил шуда бошаду айни замон, амалҳои таҷовузгар нодида гирифта шавад, ин чиз ғайри қобили таҳаммул аст”.

Калламард дар як изҳороташ дар Твиттер навишт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорону мухолифони Русияву Украина “ба Amnesty International ҳамла мекунанд”. Ӯ гуфт, “инро ҷанги таблиғотӣ, дурӯғпароканӣ ва гумроҳкунӣ меноманд. Вале ин чиз ба бетарафии мо таъсир намекунад ва воқеиятро ҳам тағйир дода наметавонад”.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG