Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна Мамадаёз Навҷувонов аз вазифа барканор шуд


Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992
Мамадаёз Навҷувонов дар тобистони соли 1992

Дар бахши аввали ёдвора аз Мамадаёз Навҷувонов, охирин вазири корҳои дохилии Тоҷики

стони Шӯравӣ ва нахустин вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 август санаи 80-солагии ӯ буд, аз он гуфта шуд, ки чӣ гуна ӯ дар байни воқеаҳои сарнавиштсоз қарор гирифт. Пас аз муҳокимаи пастзанандаи ӯ дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои олӣ рӯзи 25 марти соли 1992 ва намоиш додани ин саҳнаҳо дар телевизион, ки бо дастури президенти вақт Раҳмон Набиев ва аз тарафи раиси маҷлис Сафаралӣ Кенҷаев сурат гирифт, ҷавонони бадахшӣ хостори тазоҳурот шуданд. Ҳоло идомаи воқеа.

Нуралии Давлат

М.Навҷувонов: Аз аскари қаторӣ то генерал

Бахши 2

Тағйири талаботи гирдиҳамоӣ

Маслиҳати А. Соҳибназаров, ки тазоҳурот накунед, қабул нашуд ва субҳи 25 марти соли 1992 даҳҳо ҳамшаҳрии Навҷувонов дар назди Кохи президент ҷамъ шуда, ба гирдиҳамоии эътирозӣ даст заданд. Набиев вазири корҳои дохилӣ Навҷувоновро назди худ даъват кард, то вазъиятро мӯътадил гардонад. Навҷувонов дар суҳбати зикршуда бо Д. Атовулло мегӯяд, ки “- ба президент гуфтааст: "Агар шумо маро аз вазифа гирифтан мехостед, ҳаминро мегуфтед, ки бо ман кор кардан намехоҳед. Ман ариза навишта, ба обрў аз кор мерафтам. Чӣ лозим буд ин таҳқир дар Раёсати Шўроӣ Олӣ ва пахши он тавассути телевизион?"

Ҳолномаи Мамадаёз Навҷувонов

Мамадаёз Навҷувонов мутаваллиди соли 1942 буда, баъди хатми мактаби миёна дар зодгоҳаш деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат кард. Соли 1966 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Дзержинскийи шаҳри Саратов ва с.1979 Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-сиёсии Ленинградро ба итмом расонда, ба Тоҷикистон барои идомаи хизмат бармегардад.

Номбурда ҳамчунин шӯъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ғоибона) ва Академияи ҳарбии ба номи Фрунзеро дар шаҳри Маскав хатм мекунад. Солҳои 1989 – 1992 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд. Аз охири соли 1992 то соли 1996 дар ВМКБ зиндагӣ карда, ба Душанбе баргашт.

Навҷувонов 28 июли соли 2015 дунёро падруд гуфт ва дар зодгоҳаш дафн шуд.

Сарфи назар аз ин Навҷувонов бо хоҳиши Набиев ба назди гирдиҳамомадагон баромада, аз онҳо хост, пароканда шаванд, зеро бо президент маслиҳат шудааст, ки ӯ 10 рӯз ба рухсатӣ меравад ва пасон қазияаш ба таври қонунӣ ҳал мешавад. Лек ин пешниҳод пазируфта нашуд, зеро эътирозгарон низ худро ҳамчун сокинони ВМКБ таҳқиршуда меҳисобиданд. Ба зудӣ ҳизбу чеҳраҳои мухолиф ба тазоҳурот пайвастанд ва марҳилаи нави гирдиҳамоӣ шурӯъ шуд.

Президент сарвазир А. Мирзоев, ноиби худ Назрулло Дӯстов, Прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, раиси Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев ва роҳбарони оппозитсияро назди худ ҷамъ овард, то ки сари ин масъала сӯҳбат кунанд. Раиси созмони "Растохез" Тоҳири Абдуҷаббор ба Набиев мегӯяд, ки мардум зери барфу борон истодаанд, лиҳозо, ба пешашон баромада, хоҳиш кунад, ки аз майдон раванд ва ҳамчунин ваъда диҳад, ки қазияи Навҷувонов тибқи қонун ҳал мешавад. Аммо Набиев ин пешниҳодро рад карда, ба Кенҷаев мефармояд, ки назди гирдиҳамомадагон барояд. Кенҷаев дар навбати худ изҳор медорад, ки гуноҳе накардааст, то ба майдони Шаҳидон барояд.

-Агар сарамро буранд ҳам, ин корро намекунам! - мегӯяд ӯ.

Ба дунболи ин изҳороти Кенҷаев роҳбарони гирдиҳамоӣ масъалаи истеъфои худи ӯро ба миён гузоштанд.

Дар иҷлосияи Шӯрои олӣ, ки дар рӯзҳои митинг доир шуд, раиси ҲДТ Шодмон Юсуф изҳор дошт, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳое, ки дар ин майдон ба амал омад, фаъолияти Президиуми Шӯрои Олӣ ва раиси он Кенҷаев аст, ки халқро ба ии майдон овард. Раиси ҲДТ ҳамон сӯҳбати дар дафтари кории президент Набиев доиршударо ба ёд оварда, гуфт: "Вақте ки илтимос карданд, ки шумо (С.Кенҷаев дар назар аст. Н.Д.) рафта барои он, ки шумо бадахшӣ-мӣ, кӯлобӣ-мӣ, гуфта узр пурсед, ин кас гуфтанд, бо як кибру ғурур, ки «каллаамро гиред» ман намегӯям, аммо ин сиёсат аст, вай бояд назди мардум баромада, бо онҳо маслиҳат мекард”.

Кенҷаев дар иҷлосияи мазкур иброз дошт, ки дар рӯзи дуюми гирдиҳамоӣ назди Набиев ҳамроҳи Навҷувонов масъаларо ҳал карданд ва гуфтанд, ки хулосаи комиссияи Шӯрои Олӣ, Прокуратура ва Вазорати умури дохилиро боз як бор месанҷанд ва чунин комиссия зери раҳбарии сарвазир А.Мирзоев созмон ёфта буд.

«Мо бо Навҷувонов аз ҳамдигар узр пурсидем. Тавассути телевизион баромад ҳам кардем. Аммо дар гирдиҳамоӣ масъала ранги дигар гирифт. Онҳо гуфтанд, ки мо ба масъалаи Навҷувонов коре надорем».

Баракс, Навҷувонов ҳанӯз дар рӯзҳои аввали гирдиҳамоӣ ба Д. Атовулло, дар мусоҳибаи “Чароғи рӯз” изҳор дошта буд, ки ӯ ба Кенҷаев чизе нагуфтааст. “Танҳо аз Дӯстов хоҳиш кардам, то Кенҷаев иқрор шавад, ки хато кард, баъдан Дӯстов гуфт, ки «ман фикри шуморо ба Кенҷа­ев расондам, вале ӯ гапро нагирифт...».

Музокироти нокоми Хоруғ

Аксарият бар инанд, ки 25 марти соли 1992 Навҷувонов аз вазифа барканор ва фаъолияти ӯ дар ҳукумат бо ҳамин қатъ шуд. Ин маълумоти нодуруст дар тарҷумаи ҳоли вазири собиқ дар Википедия низ зикр гардидааст. Аммо воқеият ин аст, ки баъди ҷаласаи Раёсати Шӯрои Олӣ ӯ варақаи беморӣ гирифт. Ба ҷояш муовини якумаш полковник Раҷабов, собиқ сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб, ки чанде пеш ба ин вазифа таъйин шуда буд, иҷрокунандаи вазифаи вазири ВКД гардид. Номбурда дар ин курсӣ то замони таъсиси Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (ҲММ), яъне 10 майи соли 1992 кор кард. Навҷувонов ба вазифаи пештарааш баргашт ва вазири ВКД-и ҲММ шуд. Лек акнун дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардида, силоҳҳо ба дасти ашхоси зиёд, хоса, ҷинояткорон расида буд. Ҳамзамон эътимод миёни сокинони минтақаҳои ҷонибдори ҳукумат ва мухолифи он аз байн рафт. Ҷонибдорони ҳукумати қонунӣ Навҷувоновро ба ҳимоят аз оппозитсия ва густариш додани маҳалгароӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ айбдор мекарданд. Мегуфтанд, ки “вазифаҳои калидиро дар вазорат ба ҳамшаҳриҳои худ додааст”.

Тобистони соли 1992 вазъият дар вилояти Қӯрғонтеппа, маҳалли асосии даргириҳо, ваҳшатангез шуд. Кӯшишҳои ҳукумат ва ниҳодҳои интизомӣ самар надоданд, зеро аз як тараф ҷонибҳои даргир ба ҳамдигар бовар доштанд, аз сӯи дигар, кишварҳои манфиатдор ба дахолат сар карда буданд.

Тобистони соли 1992 Раёсати Шӯрои Олӣ тасмим гирифт, ки музокироти сулҳро доир кунад, аммо дар мавриди минтақае, ки гуфтушунид бояд сурат мегирифт, ваҳдати назар вуҷуд надошт. Қаблан чандин музокирот дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа сурат гирифт, аммо натиҷаи мусбат ба даст наомад. Ахиран, вазири корҳои дохилӣ М.Навҷувонов пешниҳод кард, ки ин музокирот дар Хоруғ гузарад, зеро он ҷо тинҷ аст ва ҷонибҳои даргир дар шароити ором метавонанд забон ёбанд.

Яке аз намояндагони вилояти Кӯлоб Шералӣ Яҳёев дар хотироти худ, ки чанд сол пеш дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чоп шуд, менависад, вақте дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ аз тайёра фуромаданд, онҳоро Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Мамадаёз Навҷувонов, корманди Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ Оразшо Пояндашоев ва боз чанд нафари дигар пешвоз гирифтанд. Ба ин музокирот, ки рӯзҳои 26-27 июли соли 1992 доир шуд, 80 нафар даъват гардиданд, ки дар миёнашон сиёсатмадорон ва рӯҳониёни ҷонибдори ҳукумат ва оппозитсия, фармондеҳони ҳар ду тараф, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ ширкат карданд. Дар рӯзи якуми музокирот ҷонибҳо якдигарро ба афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ айбдор карданд. Ба қавли Давлат Усмон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ дар ҲММ, ҳангоми гуфтушунид яке аз ҷонибҳо қаҳр карда, хост, ки музокиротро тарк кунад, аммо Навҷувонов онҳоро қонеъ кард, ки баргарданд

Ҳамин тариқ, 27 июл Созишномаи сулҳ имзо шуд, аммо худи ҳамон рӯз дар Қӯрғонтеппа набарди хунин сар зад ва оташи ҷанг забону зад. Созишҳои сулҳи Хоруғ рӯйи коғаз монд.

Истеъфо

Тобистони соли 1992 вазъ дар Душанбе нисбатан ором буд, ҳарчанд ғоратгариву дуздӣ авҷ мегирифт. Аз ин рӯ, нимаи дуюми моҳи августи соли 1992 дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» вазири корҳои дохилӣ М. Навҷувонов изҳор дошт, ки то нимаи якуми моҳи августи соли 1992 дар ҷумҳурӣ беш аз 10000 силоҳ дар дасти мардум аст. Ба гуфтаи ӯ, ин аслиҳаро асосан моҳи май аз Кумитаи мудофиа гирифтаанд ё ғасб намудаанд.

- Аз хориҷи Тоҷикистон низ аслиҳаи зиёд ворид мешавад, аз ҷумла, аз ҷамоҳири СНГ, - мегӯяд ӯ ва илова мекунад, ки хунрезиро намехоҳанд.

Бархе шоҳидон мегӯянд, ки ба Тоҷикистон ҳамчунин силоҳро Афғонистон ворид мекард. Ин айём дар Афғонистон ҷангҳои шадиде миёни муҷоҳидин авҷ мегирифт. Ҳамин тариқ, бесарусомонӣ ва истифодаи силоҳ дар набардҳо зидди аҳолии осоишта ва истифодаи он дар дуздиву ғорати хонаҳои мардум ба кори маъмулӣ табдил шуд, аз ин рӯ, дар ҷомеа ин фикр ташаккул меёфт, ки набояд ба умеди ҳукумат ва ниҳодҳои интизомии он шавад ва ҳарчӣ зудтар мусаллаҳ гардида, хонаводаи худро ҳимоя кунад. Бо дарназардошти ҳамин омил, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» як шумораи худро дар моҳи августи соли 1992 бештар ба вазъи сиёсӣ ва криминогении ҷумҳурӣ бахшид.

Аммо баъди барканории иҷборӣ президент Р. Набиев авзоъ дар пойтахт буғранҷ гардид. Ҳамчунин задухӯрдҳо дар вилояти Қӯрғонтеппа авҷ гирифтанд. Ба тадриҷ аркони ҳукумат дар Душанбе заиф гашт ва вазъият назорат баромад. Ҷиноятҳои вазнин афзуданд. Масалан, дар ибтидои моҳи октябр кормандони ширкати “Меркурий-Восток” ба қатл расида, моликияташон ба яғмо рафт. Дар чунин шароит мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз иҷрои вазифаи худ баромада натавонистанд.

Ворид шудани С. Кенҷаев бо садҳо нафари мусаллаҳ ба шаҳри Душанбе аз фалаҷшавии ҲММ дарак медод. Ин аст, ки Навҷувонов баъди ин ҳодиса сабукдӯш шуд. Фармон дар ин бора баъди 6 рӯз, яъне 30 октябри соли 1992 аз ҷониби и.в.президент, раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров ба имзо расид. Бо фармони дигари Искандаров, и.в. вазири ВКД Гулос (дар баъзе манбаъҳо Гулдаст) Имроншоев таъйин гардид, ки то рӯзи охирини иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ ин вазифаро иҷро кард.

Дар ин иртибот Солеҳҷон Ҷӯраев и.в. Прокурори генералӣ дар як мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи “Азия-Плюс” 10 сол қабл гуфта буд, ки бо пешниҳоди ӯ барои бефаъолиятӣ ва таъмин накардани амнияти давлат ва шаҳрвандон вазири ВКД М.Навҷувонов ва раиси КАМ Шаҳоб Шарифов барканор шуданд.

Бояд гуфт, ки Навҷувонов баъди истеъфояш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он бо хабарнигорон кам сӯҳбат мекард. Ӯ ҳамагӣ чанд дафъа доир карду халос. Аз ҷумла дар яке аз ин мусоҳибаҳо мегӯяд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як қатор давлатҳои исломӣ ва Русияву Амрико даст доштанд, аз ин рӯ, касе аз камбудӣ холӣ нест, аммо дар он айём вазири корҳои дохилӣ авлиё ҳам мебуд, вазъро дуруст дарк карда наметавонист.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG