Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик: баъди омадани Толибон қочоқи маводи мухаддир якбора зиёд шуд


Мақомот дар Тоҷикистон гоҳо зери назари дурбинҳои телевизионҳо маводи мухаддири мусодирашуда дар давоми солро ба оташдон мепартоянд. Акс аз чунин як маросиме дар соли 2018
Мақомот дар Тоҷикистон гоҳо зери назари дурбинҳои телевизионҳо маводи мухаддири мусодирашуда дар давоми солро ба оташдон мепартоянд. Акс аз чунин як маросиме дар соли 2018

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар як соли сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистони ҳамсоя талошҳои қочоқи маводи мухаддир бештар шуда, ҳаҷми маводи ғайриқонунии ошкору мусодирашуда тахминан се баробар зиёд шудааст.

Ба навиштаи оҷонсии “Ховар”, Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо такя ба таҳлилҳои ин ниҳод рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, “аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон» то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст”.

Ӯ гуфт, ин дар ҳолест, ки дар давоми тамоми соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил додааст.

Маълум нест назари Толибони Афғонистон дар ин замина чист, вале дар гузорише, ки ноябри соли 2021 дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) нашр карда буд, аз афзоиши 8-дарсадии истеҳсоли афюн дар Афғонистон хабар дода шуд.

Он замон UNODC гуфт, ки ин афзоиш дар муқоиса бо соли 2020 буда, маводи ғайриқонунии нашъадори истеҳсоли Афғонистон дар бозори ҷаҳонӣ ҳамоно бартарият дорад ва аз 10 истифодабарандаи он ҳашт нафараш ба афюни афғонистонӣ дастрасӣ дорад. Дар ин гузориш гуфта шуд, ки соли 2021 дар Афғонистон 6800 тонна афюн истеҳсол шуд, ки даромад аз он метавонад 1,8 то 2,7 миллиард доллар дар солро ташкил диҳад.

Толибон он замон гуфтанд, ки талош доранд барои истеҳсол афюн алтернативаи дигаре барои кишоварзони Афғонистон пайдо кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG