Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати қаторҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия баъди 10 рӯз оғоз мешавад


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кард, ки баъд аз даҳ рӯз ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад. Ин матлабро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 5-уми август зимни нишасти хабарӣ баён кард. Ба гуфтаи вай, нархи чиптаҳо феълан дақиқ нест ва сари ин масъала корҳо идома дошта, дар зудтарин фурсат маълум мегардад.

Қаблан намояндагони идораи роҳи оҳани кишвар гуфта буданд, ки ҳаракати қаторҳоро ба самти Русия 30 август оғоз мешавад. Азим Иброҳим афзуд, ки ҳаракати қатораҳо на аз 30 балки 16 август аз шаҳри Кӯлоб, 27 август аз Душанбе ва 7 сентябр аз Хуҷанд ба шаҳри Волгогради Русия сурат мегирад.

Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия барои садҳо муҳоҷир метавонад, хабари хуш бошад. Ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд.

Охирин қаторе, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

XS
SM
MD
LG