Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 9 варзишгар аз Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Қазоқистон


Темур Раҳимов (аз рост), паҳлавони номдори тоҷик.
Темур Раҳимов (аз рост), паҳлавони номдори тоҷик.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё (Asian Senior Championships 2022), ки рӯзҳoи 4-7-уми август дар пойтахти Қазоқистон Нурсултон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 9 варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода (60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) – дохиланд.

Варзишгарон дар ин мусобиқоти қитъавӣ имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум – 350-имтиёзӣ дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Нурсултон ширкати 182 варзишгар (105 мард ва 77 зан) аз 19 кишвар дар назар аст. Варзишгарон барои 15 маҷмуи медалҳо (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни занон ва рақобатҳои дастаӣ) талош хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа

4-уми август (панҷшанбе)

Мардон: то 60 кг, то 66 кг
Занон: то 48 кг, то 52 кг, то 57 кг

Рақобатҳои интихобӣ

Маросими ифтитоҳи мусобиқа

Рақобатҳои ниҳоӣ

5-уми август (ҷумъа)

Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг

Рақобатҳои интихобӣ

Рақобатҳои ниҳоӣ

6-уми август (шанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

Рақобатҳои интихобӣ

Рақобатҳои ниҳоӣ

7-уми август (якшанбе)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

Рақобатҳои интихобӣ

Рақобатҳои ниҳоӣ

Ёдовар мешавем, соли 2021 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохил буданд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ду паҳлавони дигари тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар Бишкек варзишгарони 11 кишвар барандагони медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус гардиданд. Намояндагони панҷ кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Чин, Ҷопон ва Қирғизистон – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG