Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон хабар дод, ки қарори додгоҳҳои дигарро дар мавриди уҳдадории ин ширкат барои пардохти ин маблағ ба ширкати литвонӣ қонунӣ медонад. Ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” аз соли 2019 ба ин тараф аз парвоз мондаанд.
Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, марҳилаҳои додгоҳиро дар ИМА бурданд ва дар Тоҷикистон низ талош мекунанд, вале барои пардохти қарзҳо бо чунин шароит розӣ нестанд. Додгоҳи олии иқтисодӣ эътироф кард, ки ширкати миллии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад ва барои пӯшонидани қарзҳо пул надорад. Зокирҷон Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ аввали ҳамин ҳафта ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: “Феълан истеҳсолоти иҷрои баъзе парвандаҳое, ки ба вазъи молӣ ва дигар ҳолатҳои марбут ба фаъолияти “Тоҷик Эйр” рабт дорад боздошта шудааст”.
Ҳоло ширкати “Тоҷик-эйр” ягон тайёра надорад. Танҳо чанд чархболаш баъзан тибқи қарордод парвозҳо анҷом медиҳад. Масъулини ин ширкат бо мушкили ҷиддӣ ру ба рӯ будани “Тоҷик-Эйр”-ро эътироф мекунанд ва ҳам ба дурнамои он хушбин ҳастанд. Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати “Тоҷик-Эйр” гуфт: “Мо кор карда истодаем. Гуруҳҳои корӣ, пешниҳодҳое, ки аз ҷониби шарикони тиҷоратии мо дастрас кардаанд, омӯхта истодаанд ва мо умедворем, ки хулоса мусбӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба Шӯрои нозирон пешниҳод карда мешавад ва дар ниҳоят ба мо иҷозат дода мешавад, ки парвоз кунем”.
Аз таърихчаи мушкилоти молии ширкат
Ҳукумат дар соли 2015 ба “Тоҷик Эйр” имтиёз дода, 370 ҳазор доллар қарзи онро бахшид. Бори дувум дар соли 2019 қарзи ин ширкатро аз андоз ва дигар корхонаҳои давлатӣ ба маблағи 2.6 миллион доллар бекор кард.
Бо вуҷуди ин, ҳоло “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст. Инчунин, додгоҳ онро ба пардохти зиёда аз 20 миллион доллар товон ба ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” вазифадор кардааст.
Моҳи августи соли 2019 Додгоҳи ҳакамии Маскав "Тоҷик Эйр"-ро вазифадор кард, ки ба “Росавиатсия” наздик ба 555 000 доллар товон диҳад. Он ҳамчунин даъвои “Скайроуд”-ро дастгирӣ кард.
Ҷамъан, то ин вақт дар додгоҳҳои Русия беш аз бист парвандаи зидди “Тоҷик Эйр” бо талаби пардохти қариб 1,5 миллион доллар иҷро ё баррасӣ ва ҳимоят шудаанд.
Аввали соли 2019 “Тоҷик Эйр” аз паридан монд ва парвозҳояшро ба “Сомон Эйр” супурд, зиёда аз 90 дарсади 520 кормандаш пас аз он ки наздик ба як сол маош нагирифтанд, ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуданд.
Ба ин тартиб, се сол аст, ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик-Эйр" парвоз намекунанд. Сарфи назар аз бад будани вазъи молии “Тоҷик Эйр” намояндагони ширкати “Скайроуд Лизинг” зоҳиран аз даъвои худ даст кашиданӣ нестанд. Паулиус Дока, намояндаи ширкати "Скайроуд Лизинг" соли гузашта гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз аз ҷониби "Тоҷик Эйр" ҳукумати Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Ду ширкати нав беҳтар аз як ширкати пур аз мушкил?
Коршиносони бахши ҳавонавардӣ ба дубора фаъол шудани “Тоҷик Эйр” чандон бовар надоранд. Ба қавли онҳо, ҳукумат ба ҷойи он ки ин ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад, метавонад ду ширкати нави ҳавонавардӣ таъсис диҳад. Як коршинос бо шарти ошкор нашудани номаш гуфт: “Дубора фаъол кардани ин корхона бо кӯмаки шарикон ғайримкон ба назар мерасад. Якум, аксари ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳабс шудаанд, дуюм ҳавопаймои нави ин ширкат ба ҳар ҷое парвоз кунад, боз ҳабс мешавад, чун дар бештари кишварҳо баҳсро ба манфиати “Скайроуд Лизинг” ҳал кардаанд. Ҳар пуле ба ширкат ворид мешавад, барои қарзҳояш аз андозу фурудгоҳ гирифта мешаванд. Ҳеҷ шарике дар чунин вазъ барои ҳамкорӣ бо “Тоҷик Эйр" риск намекунад".
Ба гуфтаи ин коршинос беҳтарин роҳ - муфлис эълон кардани ин ширкат ва бар асоси он сохтани як ширкати нав аст. Ӯ мутмаин аст, ки “пули ширкатҳои давлатиро бераҳмона медузданд”. Ба назари коршинос мушкили дигари бӯҳронии “Тоҷик Эйр” дар он аст, ки ин ширкатро мутахассиони хуби соҳа идора намекунанд.
"Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои дароз аст, ки мушкилоти молӣ дорад. Радиои Озодӣ соли гузашта дар як таҳқиқот муайян карда буд, ки ширкати “Тоҷик Эйр” дар остонаи варшикастагии комил аст. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дода буд, ки “Тоҷик Эйр” аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ низ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.
Гуфтугӯ