Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ё муколама? Расми рӯи деворе дар Бишкек се рӯз умр дид. ВИДЕО


Mural of Kyrgyz artists
Mural of Kyrgyz artists

Дар Бишкек афроди ношинос рӯи девореро, ки дар он расми занони украинӣ ва қирғизистонӣ наққошӣ шуда буд, ранг карданд. Стрит-арт ё санъати хиёбониеро, ки ба ҳимоят аз занони украинӣ дар Бишкек тасвир шуд, баъд аз се рӯз аз чашмҳо пинҳон карданд.

Дар интернет ин тасвирро намунаи барҷастаи ҳунари хиёбонӣ номиданд. Рӯи девореро дар Бишкек чанде пеш бо нақши начандон бузурги як зани украинӣ оро доданд. Расм дар шакли стрит арт ё санъати тасвирӣ аз рӯйи асари рассоми маъруфи шӯравӣ Семен Чуйков наққошӣ шуд, аммо дар шакли нисбатан навтар.

Зани қирғиз дар расм боизтироб ба дӯсти украинии худ менигарад. Бо ин нақши деворӣ муаллифони ҷавони он хостанд ба мардуми Украина ҳамраъйии худро баён кунанд ва аз ҷанг дар ин кишвар ёдовар шаванд. Акҷибек Бейшенбаева, муаллифӣ наққошии рӯйи девор мегӯяд:

“Паёми мо ин ҳамраъйӣ бо занону духтароне буд, ки азоби ҷангро мекашанд. Санъат худ ба худ беҳтарин василаи баён ва расонидани паём ба ҷомеа аст. Вале ин корро бояд ба таври нарму нозук кард, зеро ин пеш аз ҳама ба эҳсос нохун мезанад.”

Кӣ ва чаро наққошии пуштибонӣ аз зани украиниро аз рӯйи деворе дар Бишкек пок кардааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Нақши деворӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде ба бор овард. Муаллифон мегӯянд, пешбинӣ мекарданд, ки тасвир на ба ҳама писанд меояд, зеро мавзӯяш ҳассос аст. Аммо онҳо тасаввур намекарданд, ки умри асарашон чунин кӯтоҳ хоҳад буд. Тасвирро баъд аз се рӯзи наққошӣ дар рӯйи девор афроди ношинос бо ранг пушонданд.

Акҷибек Бейшенбаева ин ҳолатро намунаи маҳдуд кардани озодии баён меномад. Ӯ гуфт: “Кӯшишҳо барои маҳдуд кардани озодии баёну фикр нишонаи он аст, ки мушкилеро пинҳон кардан мехоҳанд. Мо расман эътироф кардем, ки мавқеи бетарафона дорем. Мо расман тарафдори ягон ҷониби ҷанг нестем, вале ин наметавонад барои сокинон мавзӯи мамнӯъ бошад.”

Рассом ва муаллифи дигари асар Вера Андриановаро чандон нороҳат нест. Ӯ мавқеи худро баён кард. Ҳамакнун ин санъати хиёбонии ӯ дар интернет хоҳад монд. Ин нақши рӯйи девор яке аз аввалин тасвирҳои намоишгоҳи онлайнии “Art For Peace” аст, ки “Наққошӣ барои сулҳ” тарҷума мешавад.

Вера Андрианова мегӯяд: “Мо андешаи худро баён кардем, чунин тасвире эҷод шуд. Одамони дигар ҳам мавқеи худро гуфтанд, албатта бо роҳи пок кардани ин тасвир. Агар ҳатто ягон каси дигар такроран рӯйи ин расм чизе дар бораи масалан ҷанг нависад, як муколламаи ҷолиб мешуд.” Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон як намунае аз санъати хиёбонӣ ба шеваи бисёр дағал пок мешавад. Наққошиҳоро аксаран бо сабабҳои идеологӣ ва ё бо ҳадафи тиҷоратӣ тоза карда, ҷойи онро навиштаҷоти таблиғотӣ мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG