Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми гази содиротӣ аз Русия ба Аврупо кам шуд


Тавре интизор мерафт, Русия интиқоли гази табиӣ ба Аврупоро кам кард ва аз роҳи эҷоди камбуди захираҳои энержӣ дар остонаи зимистон мавҷи танишҳоро дар қораи Аврупо боло бурд. Рӯзи 27-уми июл содироти газ тавассути лӯлаи Nord Stream 1 якбора кам шуд.

Ширкати Газпроми Русия дар шаҳри расмии 27-уми июлаш гуфт, ки коҳиши интиқоли газ бо сабаби таҳримҳои ғарб сурат мегирад, чун, ба гуфтааш, наметавонад корҳои таъмирро дар лӯла баргузор кунад.

Вале мақомоти аврупоӣ ин иддаоро рад карда гуфтанд, ки Маскав захираҳои энержиро ба силоҳ табдил дода дар асл ҳеҷ мушкили фаннӣ вуҷуд надорад. Вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ба шантажи Маскав дода намешавад.

XS
SM
MD
LG