Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Жапаров аз зарурати идомаи муколамаи сиёсӣ гуфтанд


21 июл, Чолпонотаи Қирғизистон
21 июл, Чолпонотаи Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзи 27-уми июл президентони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров (Ҷабборов) дар як сӯҳбати телефонӣ "масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавиро” баррасӣ карданд. Дар хабарҳои мухтасари дастгоҳҳои ду президент инчунин омадааст, ки дар ин гуфтугӯ масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳам баррасӣ шудаанд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “дар рафти суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва созандагӣ таъкид намуданд”. Сомонаи президенти Қирғизистон навишт, ки раҳбарон “ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи фаъоли сиёсиро, ки ба тақвияти дӯстиву бародарии миёни ду давлат ва мардум равона шудааст, идома хоҳанд дод”.

Ин аввалин сӯҳбати телефонии ду раҳбар баъди дидори 21-уми июл дар Чолпонотаи Қирғизистон буд, ки дар чаҳорчӯби машварати раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд. Ҷузъиёти дигари гуфтугӯи телефонии ду раҳбар нашр нашудааст.

Ин хабар дар ҳолест, ки равобити ду кишвари ҳамсоя, ки бо ҳам беш аз 900 км марзи муштарак доранд, баъди низои мусаллаҳонаи дурӯзаи апрели порсол мушкил боқӣ мемонад. Дар он ҳодисаҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд, Қирғизистон сарҳадашро бо Тоҷикистон басту вуруди тоҷикистониҳоро ба қаламраваш манъ кард.

Ин ва дигар муноқишаҳо дар марз ба иллати муайян ва аломатгузорӣ нашудани бахше аз сарҳади байни ду давлат ба амал омадаанд.

XS
SM
MD
LG