Фаъолияти ширкате, ки дар бораи сохтани пойгоҳи биткойнсозӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, қатъ шудааст. Мақомот гуфтанд, фаъолияти "Ганҷ Текнолоҷӣ", ба қонунгузорӣ мухолифат дошт. Назари масъулони ширкат дастрас нест.
Зокирҷон Аминзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "ин парванда аз сӯи Додгоҳи иқтисодӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Шикояти онҳо ҳамчунин аз сӯи коллегияи кассатсионӣ баррасӣ гардида, ҳалнома бетағйир монд". Амирзода афзуд, мавзӯи баҳс дар парванда, барҳам додани фаъолияти ширкат буд.
Охири соли гузашта як ширкати технологии мустақар дар Ҳонг Конг эълон карда буд, ки санадеро дар бораи сохтани зербунёди лозим барои криптовалюта ё коркарди пули диҷиталӣ, аз ҷумла, "биткойн" дар Тоҷикистон имзо кардааст. "Лайон Ҳолдинг Груп" гуфт, ёддошти ҳусни тафоҳум бо ширкати таҳти "Ню Фулл Рич" имзо шудааст, ки молики ширкати "Ганҷ Текнолоҷӣ" дар Тоҷикистон аст. Бар асоси ин санад, ду тараф ба Тоҷикистон технологияву компютерҳои қавии лозим барои коркарди пули диҷиталӣ меоранд ва насб мекунанд.
Баъди эълони ин хабар, Кумитаи андози Тоҷикистон ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят бурд, то фаъолияти ин ширкат барҳам дода шавад. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон чанд рӯз қабл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, "фаъолияти ғайриқонунӣ"-и ин ширкатро ошкор карда, баъдан ба додгоҳ шикоят карданд, то он барҳам дода шавад.
"Инхел ҳолатҳо бисёр аст. Се то чор соли ахир ҳамаи ширкатҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ҳар роҳу восита ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, махсусан биткойн машғул шаванд. Дар қонунгузории мо мутаассифона дар ин самт ягон санад нест. Дар нишастҳои қаблӣ низ ин гапҳо буд, мо инро мавриди санҷиш қарор додем",-афзуд раиси Кумитаи андоз.
Назари масъулини ширкати "Ганҷ Текнолоҷӣ" то лаҳзаи нашри матлаб дастрас нашуд.
Мутахассисон мегӯянд, барои коркарди пулҳои диҷиталӣ, ки ҳоло на дар ҳама кишварҳои ҷаҳон қабул мешавад, компютерҳои қавӣ ва нерӯи барқи зиёд лозим аст. Дар ҳамин ҳол Вилсон Ванг, мудири "Лайон Ҳолдинг Груп" гуфтааст, ки "Тоҷикистон аз назари захираҳои об мавқеи хосе дорад, ки барои рушди саноати коркарди пули рақамӣ бисёр муҳим аст".
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд. Ҳоло як биткойн бо пули оддӣ бештар аз 60 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар сурати дуруст пеш рафтани ҳама кор ба гуфтаи ширкат, мумкин аст, даромади солона аз ин тарҳ 62 миллион долларро ташкил диҳад.
Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон аз боздошти чанд нафар хабар дода буданд, ки дар "истихроҷ" ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли "Биткойн" даст доштанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд чаҳор нафарро дастгир карда буданд, вале мақомот ошкор нагуфтанд, ки онҳо ба надодани андоз аз даромади додуситад бо пули рақамӣ гунаҳкор мешаванд ё дуздии ҳазорон киловат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.
Пули рақамӣ соли 2008 пайдо шуд ва то чанд соли гузашта бисёриҳо онро ба эътибор намегирифтанд ва мегуфтанд, ки шояд василаи роиҷи муомила нашавад, аммо сол ба сол истифода аз он густариш меёбад. Баъзе мағозаву ширкатҳо аз ин навъи пул дар Ғарб истифода мебаранд.
Теъдоди соҳибони пули рақамӣ дар ҷаҳону Тоҷикистон мушаххас нест, вале коршиносон мегӯянд, аз назари баррасии мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба ин гуна пул алоқамандӣ зоҳир мекунанд.