Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба сурхакони маймун сабт нашудааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандуруст ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, барои пешгирӣ аз вуруди ин беморӣ ба кишвар назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, шахсоне, ки аз кишварҳои мубтало ба сурхакони маймун ба Тоҷикистон меоянд, ҳарораташон санҷида мешавад. Инчунин ба гуфтаи Абдуллозода, ба ҷуз аз санҷидани ҳарорат, Вазорати тандурустӣ тестҳо дорад.
Бемории сурхакони маймун даҳҳо сол боз дар Африқо вуҷуд дошт, аммо аз моҳи майи имсол ба ин сӯ ба суръат дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. То кунун ҳазорҳо нафар дар беш аз 70 кишвар ба он мубтало шудаанд.
Нишонаҳои сурхакони маймун таби баланду дарди сар, ларза ва обилаҳои рӯйи пӯсти бадан ва дохили даҳон будааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 23-юми июл дар пайванд ба бемории сурхакон ё обилаи маймун "вазъияти фавқулодаи байнулмилалӣ" эълон кард. Ин тасмим метавонад, тавваҷуҳ ва сармоягузории ҷаҳониро барои мубориза бо ин беморӣ, ки замоне нодир буд, вале ҳоло сафи гирифторонаш дар гӯшаҳои дунё дар ҳоли афзудан аст, ҷалб кунад.
Тедрос Аданом Гебрейесус, мудири WHO дар паёме дар Твиттер гуфт, "паҳншавии сурхакони маймун як вазъияти фавқулода ва боиси нигаронӣ дар сатҳи байнулмилалӣ аст."