Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар ИМА як варзишгар намояндагӣ кард


Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 15-24-уми июл дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА баргузор шуд, Илдар Аҳмадиев, иштироккунандаи Бозиҳои олимпии Токио-2020, дар давидан ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар гурӯҳаш дуюм шуд ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифт. Ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуд. Вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум гашт. Дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум шуд.

Ба ҳар сурат, ӯ ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт, ки ҳадафашро иҷро кард. Зимнан, бори аввал як даванда аз Тоҷикистон тавонист ба даври гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ пайдо кунад.

Ғайрат Неъматов, мураббии Илдар Аҳмадиев, гуфтааст, пас аз осеб дидан, ки то ҳол барқарор нашудааст, шогирдаш наметавонист натиҷаи аз ин беҳтарро нишон диҳад. Ба ҳар ҳол ӯ ҳадафи асосӣ –ба даври дуюм роҳ ёфтанро – иҷро кард.

Воқеан, Илдар Аҳмадиев имсол дар давидан ба масофаи 100 метр пас аз 36 сол бо натиҷаи 10.37 сония рекорди нави Тоҷикистонро гузошт.

Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони ИМА ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро азони худ карданд.

Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр миёни мардҳо ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст (9.58 сония), ки соли 2009 гузоштааст.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамагӣ 3 медал – 2 тило ва 1 нуқра ба даст овардаанд. Медалҳои тилоро солҳои 1993 (Штутгарти Олмон) ва 1995 (Ҳётеборги Шведсия) Андрей Абдувалиев ва медали нуқраро соли 2015 (Пекини Чин) Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ соҳиб шудаанд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА беш аз 1700 варзишгар аз 179 кишвари ҷаҳон (илова бар тими гурезаҳо) рақобат карданд, ки онҳоро тақрибан 150 000 бинанда дар варзишгоҳ тамошо намуданд ва се рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд.

Рекорди шумораи кишварҳое, ки дар як мусобиқот медалҳои тило ба даст овардаанд, шикаст ва варзишгарони 29 кишвар дар зинаи болоии пояи ифтихорӣ қарор гирифтанд, дар ҳоле ки соли 2017 намояндагони 26 кишвар ба ин мақом расида буданд.

Намояндагони бештари кишварҳо ба финали мусобиқаҳо расиданд: 81 кишвар (соли 2019 дар Доҳа 76 кишвар буд) ва варзишгарони Либерия, Нигерия, Покистон, Самоа, Филиппин ва Гватемала бори аввал дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ба финал роҳ ёфтанд. Намояндагони Перу, Қазоқистон ва Нигерия аввалин медали тило ба даст оварданд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) рекорди аз ҳама бештари медалҳоро дар як мусобиқот шикаст, ки дар маҷмӯъ 33 медал, 13-тоаш тило ба даст овард. ИМА ин натиҷаро бо ба даст овардани ҳар се ҷои ифтихорӣ дар давидан ба масофаҳои 100, 200 метр ва партоби гулӯла мустаҳкам кард. Дар ҳамин ҳол, Ямайка дар давидан ба масофаи 100 метр байни занон ҳар се медалро сазовор шуд.

Натиҷаҳои дигари беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Орегон-2022 чунинанд:

Рекордҳои ҷаҳонӣ аз Сидней Маклафлин дар давидан ба масофаи 400 метр (50,68 метр), Тоби Амусан дар давидан ба масофаи 100 метр (12,12) ва Мондо Дуплантис дар ҷаҳиш бо ходачӯб (6,21 метр).

13 рекорди мусобиқот ва 30 натиҷаи беҳтарин дар ҷаҳон.

3 рекорди ҷаҳонӣ, 19 рекорди минтақавӣ, 92 рекорди миллӣ, 1 рекорди ҷаҳонии U-20.

XS
SM
MD
LG