Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии мухолифон аз таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои туркаш созишномаи амниятӣ имзо карданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамтои туркаш созишномаи амниятӣ имзо карданд.

Сафари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Туркияро бархе аз фаъолони сиёсии тоҷик, ки дар ин кишвар паноҳандаанд, “талош барои фишор ва боздошти мухолифон”-и муқимӣ номидаанд.

Мубориза бо терроризм ё саркуби мухолифон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22-уми июл Рамазон Раҳимзода ба Туркия рафт ва бо Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии ин кишвар мулоқот кард. “Мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ” мавзуи аслии суҳбати ду вазир будааст. Ба гуфтаи сомонаи ВКД, мақомдори тоҷик ва турк созишнома дар бораи ҳамкории амниятӣ миёни ду кишварро имзо карданд.

Ин хабарро расонаҳои дигар низ тасдиқ карданд. Дар гузориши онҳо агар тарафи Туркия бештар ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъмини амният ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъкид карда бошад, тарафи Тоҷикистон кори муштарак зидди терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфтаро муҳим донистааст.

Дар Туркия даҳҳо мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ мекунанд, ки бо гумони “терроризм ва экстремизм” зери пайгарди мақомоти Тоҷикистонанд. Аз ҷумла, аксари аъзои “Гурӯҳи 24”, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон дар Туркия паноҳанда шудаанд, ки сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан танқид мекунанд.

Умеду ноумедии мухолифон

Дар хабарномаи ВКД гуфта мешавад, ки ду ҷониб “барои амалӣ намудани иқдомҳои дар пеш истода ба сохторҳои дахлдори вазорат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.” Шарҳ дода нашудааст, ки манзур кадом “иқдом” аст, ки барои “амалӣ” намуданаш супориш додаанд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24"
Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24"

Суҳроб Зафар, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24”, ки дар Туркия қарор дорад, рӯзи 23-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сиёсати аксарият кишварҳо дар шароити феълӣ пешгӯинашаванд аст, вале умедворанд, ки Туркия мисли Русия фаъолони сиёсиро ба Тоҷикистон истирдод нахоҳад кард.

Ин раҳбари “Гурӯҳи 24” ва чанд узви дигари созмон дар гузашта бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия боздошт ва пас аз чандин моҳи таҳқиқ раҳо шудаанд. Ҳоло Суҳроб Зафар мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд мавзуи боздошту истирдоди онҳо низ дар ин суҳбатҳо дар миён гузошта хоҳад шуд. “Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз муваффақ шудан дар чунин ҳамкориҳо бо Русия, мехоҳад он барномаҳои худро дар Туркия пиёда кунад, чун дар инҷо, на танҳо муборизон, балки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик низ рӯз то рӯз меафзояд.”,--гуфт ӯ.

Роҳи сафар ба Сурия ва Ироқ

Соли 2015 Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гурӯҳи 24” дар Туркия кушта шуд, вале бо ин вуҷуд, даҳҳо тарафдораш, аз ҷумла раҳбари ин созмон дар ин кишвар монданд.

Туркия дар солҳои 2014-2017 масири аслии пайвастани садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ низ буд. Дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия ҷавонони тоҷики узви ДОИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдааст, вале то кунун ҳеҷ хабаре аз истирдоди фаъолони сиёсӣ нашр нашудааст.

Ҳомид Раҳим, як таҳлилгари ҷавон мегӯяд, Туркия дар давраи Раҷаб Тайиб Эрдуғон бештар ба як кишвари диктаторӣ шабоҳат пайдо кардааст. Ӯ гуфт, дар боздошт ва истирдоди фаъолони тоҷик Туркия аз даричаи манфиатҳои худ нигоҳ хоҳад кард.

“То кунун Туркия мухолифонро ба Тоҷикистон насупоридааст, вале ин маънои онро надорад, ки мақомоти ин кишвар инро намехоҳанд. Ин ба он маъност, ки ҳоло ин ба манфиаташон нест. Масалан, агар дар Тоҷикистон кадом фаъоли курд паноҳанда мешуд ё мухолифони Эрдуғон шояд бе мушкил ба шакле истирдод сурат мегирифт. Мисле, ки як фаъоли мухолиф аз Қирғизистон ба Туркия истирдод шуда буд. Туркия намехоҳад бидуни манфиати ҳамвазн ин корро кунад ва зери танқиди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар қарор гирад.”,--гуфт ӯ.

Ин таҳлилгар аз эҳтимол дур намедонад, ки рӯзе Туркия дар Тоҷикистон манфиати “ҳамвазн” пайдо кард, ҳатман истирдод сурат хоҳад гирифт. Мисле, ки Туркия даҳҳо паноҳандаи ӯйғурро ба Чин супурдааст. Дар яке аз чунин амалиёт тарафи Тоҷикистон низ ширкат ва ҳамкорӣ доштааст.

Шумораи дақиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Туркия маълум нест, вале бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар наздик ба 10 ҳазор нафар дониста мешавад.

Миёни Туркия ва Тоҷикистон низоми раводид вуҷуд надорад, аз ин рӯ, ин кишвар барои бисёре аз тоҷикистониён макон кору саёҳат ва дидору мулоқот ҳисоб мешавад.

XS
SM
MD
LG