Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Афғонистон


Содироти ангишт аз Тоҷикистон ба Афғонистони зери назари Толибон афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 195 ҳазор тонна ангишгт фурӯхтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазор тонна бештар будааст.

Ин нукта рӯзи 22-юми июл дар нишасти матбуотии Идораи гумрук дар вилояти Хатлон садо дод.

Мақомот гуфтанд, воридоти молу маҳсулот аз Афғонистон ба Тоҷикистон баръакс кам шудааст. Тоҷикистон дар ним сол ба Афғонистон ба маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ молу маҳсулот содир кардааст.

Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карданд. Тоҷикистон ҳукумати онҳоро ба расмият намешиносад, вале чанд гузаргоҳи сарҳадиашро барои воридоту содироти мол боз гузоштааст.

XS
SM
MD
LG