Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ғаллаи Украина то низои Сурия. Сафари Путин ба Эрон


Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 19-уми июл ба Теҳрон меравад. Ҷое, ки бо ҳамтоёни эронӣ ва туркаш – Иброҳим Раисӣ ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон – дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Интизор меравад, дар суҳбатҳо азсаргирии содироти ғаллаи Украина ва низоъ дар Сурия баррасӣ шавад.

Путин дар ҷараёни сафари нахустинаш ба як кишвари берун аз қаламрави Шӯравии собиқ, аз замони таҷовузи Русия ба Украина, бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, низ мулоқот хоҳад кард.

Ӯ дар охири моҳи июн ба Тоҷикистон ва Туркманистон, ду кишвари собиқи Итиҳоди Шӯравӣ, сафар карда буд.

Юрий Ушаков, мушовири Путин дар умури сиёсати хориҷӣ, ба хабарнигорон дар Маскав гуфт, мулоқоти Путин бо Эрдуғон дар бораи кушодани роҳҳои бастаи ғаллаи Украина аст.

Русия дар баҳри Сиёҳ як идда бандарҳои Украинаро ишғол намуда, бандарҳои боқимонда, аз ҷумла Одессаро бомбаборон кардааст. Украина бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ишғоли бандарҳояш гирду атрофи онҳоро минакорӣ намуд.

Тибқи гузоришҳои расида, дар рафти музокироти Русия, Украина, Туркия ва Созмони Милал пешрафте ҳосил шудааст, ки содироти гандуми Украина ба хориҷи ин кишварро кафолат медиҳад.

XS
SM
MD
LG