Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷароҳат надошт." Ҷасади полковникро дар Данғара ташхис кардаанд. ВИДЕО


Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб буд.
Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, тибқи ташхиси пешакӣ дар бадани Абубакр Саидзода, раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Кӯлоб “ягон хел ҷароҳат ошкор карда нашудааст.”

Пештар ду манбаъ дар ҳукумат ва бемористони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфтанд, Абубакр Саидзода "бар асари латту кӯб ва захмҳои бардоштааш" дар шифохона ҷон додааст.

Юсуф Раҳмон, додситони кул рӯзи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҷониби кормандони ин ниҳод ташхиси пешакии ҷасади Абубакр Саидзода гузаронда шуд. Ба гуфтаи додситони кул, дар бадани собиқ сардори идораи ҳолатҳои фавқуллода дар Кӯлоб ягон ҷароҳат ошкор нашуд. Мақомот мунтазири натиҷаи ниҳоии ташхиси ҷасади Абубакр Саидзода будаанд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Абубакр Саидзодаро нимарӯзи 10-уми июл ба беморхона оварданд, аммо пизишкон ӯро наҷот дода натавонистанд. “Аз даҳону бинияш хуни зиёд рафта буд ва эҳтимол бар асари зарб ҷигар ё дилаш кафидааст,”-гуфт як манбаъ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Додситонӣ ваъда дод, ки сабаби марги афсарро мегӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Сарҳанг (полковник) Абубакр Саидзода аз нимаи дуюми соли 2015 дар мансаби раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб кор мекард. Ҳамзамон, ба қавли ҳамсуҳбатони мо, дар ноҳияи Данғара "20 гектар замини пахта дошта", бо шаш писараш истифода мекард.

Қудбиддин Достизода, иҷрокунундаи вазифаи Додситони минтақаи Кӯлоб тасдиқ кард, ки ҳодиса дар ин киштзор рух додааст. “Дар сари замини корам ин ҳолат ба вуқуъ омадааст. Ҳоло вобаста ба ҳолат гуфта наметавонем, ба хотири он, ки санҷиши он идома дорад. Пас аз анҷоми тафтиш ба шумо маълумот медиҳем.”,--гуфт ӯ.

Ба иттилои мусоҳибони мо, баҳси ин мақомдор бо Шайбоновҳо, як хонаводаи пурнуфуз дар Данғара, сар задааст. Онҳо дар канори замини Саидзода кишти ҷуворимакка доштаанд. Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи Шайбоновҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Дар ҳоле ки мавқеи Шайбоновҳо маълум нест, баъзе аз шарҳнависон дар сомонаи Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки яке аз наздикони ин хонавода низ гуё захмӣ ва дар бемористон аст. Мақомот рад ё инкор намекунанд.

XS
SM
MD
LG