Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар миёни кишварҳое, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол дорад тариқи он ба Русия ворид шаванд


Вазорати молия ё хазонадории Амрико феҳристи кишварҳоеро нашр кард, ки колоҳои таҳримшуда эҳтимол тавассути онҳо ба бозорҳои Русия ва Беларус ворид шаванд.

Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон низ дар ин феҳрист ҳаст. Ин санад аз тарафи Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ ва Бюрои саноат ва бехатарии Вазорати молияи Амрико таҳия шудааст.

Илова ба Тоҷикистон, дар ин рӯйхат Гурҷистон, Арманистон, Чин, Ҳинд, Мексика, Исроил, Сербистон, Африқои Ҷанубӣ, Тайван, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон ҷой дода шудаанд.

Дар санад омадааст, колоҳои таҳти назорат метавонанд, ба таври қонунӣ ҳамчун маводи хом ба ин кишварҳо содирот шаванд. Аммо содироти бештари онҳо ба Беларус ва Русия манъ аст. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос шомили таҷҳизоте аст, ки метавонад ба ҳадафҳои низомӣ истифода шавад.

Кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи низомии Русияро ба Украина, ки рӯзи 24-уми феврали имсол оғоз шуд, ба шиддат маҳкум карданд. Дар ҳоли ҳозир феҳристи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бинобар ин ҳамла дар ҳоли густариш аст.

Бисёре аз бонкҳои маъруфи Русия, ширкатҳои бахши дифоӣ, тоҷирону сармоягузорон ва мақомоти баландпоя, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қаблан таҳти маҳдудиятҳо қарор гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG