Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корафтодаҳои беришро ба идораҳои давлатӣ роҳ намедиҳанд"


Кобул, соли 1996. Дар аҳди Толибон дар Афғонистон дар солҳои 90-ум барои тамоми мардон риш гузоштан ҳатмӣ буд
Кобул, соли 1996. Дар аҳди Толибон дар Афғонистон дар солҳои 90-ум барои тамоми мардон риш гузоштан ҳатмӣ буд

Баъзе аз сокинони Кобул, ки барои ҳалли мушкилоташон ба идораҳои ҳукумати Толибон муроҷиат кардаанд, мегӯянд, ба сабаби надоштани риш ба онҳо иҷозаи даромадан надоданд.

Ин афрод мегӯянд, бо вуҷуди онки ба низомиёни Толибон гуфтаанд, корманди ҳукумат нестанд, ба онҳо иҷоза надодаанд, вориди идораи давлатӣ шаванд.

Яке аз ин афрод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назди идорае мунтазир буд, аммо Толибон фақат ба онҳое иҷозае дохил шудан додаанд, ки риш доштанд ва ин ҷавонро аз назди дар баргардондаанд.

Окиф Муҳоҷир, сухангӯи Вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари ҳукумати Толибон мегӯяд, онҳо ҳеч дастур дар бораи роҳ надодани афроди бериш ба идораҳоро содир накардаанд.

Аммо пештар аз ин гузориш шуда буд, ки ҳамин вазорат ба тамоми кормандони давлати Толибон амр додааст, риш бигузоранд, вагарна ба идораҳояшон роҳ дода намешаванд.

Дар аҳди Толибон дар Афғонистон дар солҳои 90-ум барои тамоми мардон риш гузоштан ҳатмӣ буд.

XS
SM
MD
LG