Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон. Рӯҳониён ба “шукргузорӣ” даъват карданд. Сокинон аз гаронӣ гуфтанд


Дар Иди Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон ба хонаи наздикон мераванд ва ба онҳо тӯҳфа медиҳанд
Дар Иди Қурбон дар Тоҷикистон кӯдакон ба хонаи наздикон мераванд ва ба онҳо тӯҳфа медиҳанд

Аксари рӯҳониёни тоҷик дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл, ҳангоми гузоштани намози Иди Қурбон (Азҳо), сокинонро ба “шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат” даъват кардаанд.

Сокинон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мавъизаи рӯҳониён тақрибан як маъно дошт. Аз ҷумла, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо дар масҷиди Марказии шаҳри Душанбе сокинонро ба эҳсонкорӣ даъват карда, барои сулҳу осоиштагӣ дуо кардааст.

Иди Қурбони имсол, бо фарқ аз ду соли гузашта, бидуни маҳдудият ва чораҳои пешгирӣ аз КОВИД-19 баргузор шуд. Дар Тоҷикистон, тамоми маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз КОВИД-19 лағв шудаанд. Нигаронии сокинон бештар аз болоравии бошиддати нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар аст.

Абдурауф, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боло рафтани нархҳо қабл аз Иди Қурбон ва дар арафаи Ид дар хони идонаи сокинон эҳсос мешуд.

“Пеш аз Ид ҳам нарх баланд буд, вале дар арафаи Ид нархҳо осмонӣ шуданд. Мо дастархони шармшикан кардем. Яъне, мисли солҳои пеш дастархони идонаи мо тарбузу пиставу бодом надошт. Як кило писта 130-150 сомонӣ боло рафта буд. Равғану ордро ҳам ҳар кас ба қадри кофӣ харида наметавонад. Хонаҳои дигарон ҳам рафтем, эҳсос мешуд, ки ба сахтӣ дастархони идона кардаанд.”,--гуфт ӯ.

Сокинон аз ҳукумат танқид мекунанд, ки барои поён бурдани нарх дар бозор ва беҳтар кардани зиндагии сокинон кори дурустеро анҷом намедиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошиаш ба муносибати Иди Қурбон ин вазъро хоси аксар кишварҳои ҷаҳон донист. Ӯ мисли солҳои қабл бори дигар аз сокинон даъват кард, ки маводи озуқа захира кунанд. Сокинон борҳо дар посух ба ин даъвати Раҳмон гуфтаанд, ки имкони барои ду се моҳ харидани ғизоро надоранд, аз куҷо метавонанд барои ду сол захира кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мардуми сайёра ҳоло дар вазнинтарин ва душвортарин давраи таърихи худ қарор доранд. Имрӯзҳо сокинони 27 кишвари дунё ба хатари гуруснагӣ рӯ ба рӯ омадаанд.”

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

XS
SM
MD
LG