Иди Қурбон дар Тоҷикистон дар замоне омад, ки нархи ҳама чиз боло рафтааст. Мардум мегӯянд, зоҳиран имсол қурбонӣ камтар мешавад, чун бузу гӯсфанду гов ба мисли пешина арзон нест. Идро рӯзи 9-уми июл таҷлил мекунанд.
Тоҷирону харидорон чӣ мегӯянд?
Бозори чорво дар қисмати ҷанубии Душанбе дар остонаи Иди Қурбон гарм аст. Чорвопарварон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар моли худро ба инҷо овардаанд. Харидорон бузу гӯсфанд, гов ва ҳатто шутури қурбонӣ мегиранд. Фурӯшандагон мегӯянд, нарх назар ба соли гузашта боло нарафтааст.
Хоҷамурод Боқиев аз ноҳияи Айнӣ даҳҳо сар бузу гӯсфанд овардааст. "Соли гузашта агар як бузро ба 1000 сомонӣ мефурӯхтем, як халта орд 230-240 сомонӣ буд. Имсол ҳам як буз 1000 сомонӣ аст, нархи орд сесаду чанд сомонӣ. Чунин муқоиса кунем, мол арзон ҳасту гарон не," – гуфт ӯ рӯзи ҳафтуми июл.
Харидорон ақидаи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, дар баробари дигар молу маҳсулот нархи чорвои қурбонӣ, бахусус гӯсфанд, имсол боло рафтааст. "Соли гузашта як гӯсфандро ба 1800 сомонӣ гирифта будам. Имсол 2200-2300 сомонӣ мегӯянд," – шиква кард Бадриддин Ҳакимов, сокини шаҳри Душанбе.
"Дарди кӯҳна"
Онҳое, ки имкони қурбонӣ надоранд, дастархон ороста, аз ҳамсояҳо ва хешон пазироӣ мекунанд. Бинобар ин, дар остонаи ид ҳазорҳо кас якбора ба бозори хӯрокворӣ рехта, маҳсулоти мавриди ниёзи худро мегиранд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар аз афзоиши нархи маҳсулот, аз ҷумла мева, изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи онҳо, аксар меваву сабзавот, аз ҷумла тарбуз, дар Тоҷикистон парвариш мешаванд ва набояд ба ин ҳад гарон бошанд. Дигарон гуфтаанд, то замоне мардум аз "мусоқибаи оростани дастархони кӣ зӯр?" даст накашанд, вазъ тағйир намекунад.
Дар Иди Қурбон ва Рамазон на танҳо талабот ба молу маҳсулот, балки сафар ба минтақаҳои дигари кишвар низ меафзояд. Ҳама мехоҳанд, ин идҳоро дар ҳалқаи хонавода ҷашн бигиранд. Ин вазъ ба боло рафтани роҳкиро сабаб мешавад.
Агар соле пеш сафар аз Душанбе ба Хуҷанд аз 100 то 150 сомонӣ буд, имсол ба сабаби афзоиши нархи сӯзишворӣ то ба 250 сомонӣ расид. Дар остонаи Иди Қурбон то 300 сомонӣ шуд. Рустамҷон Сафаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, "пештар роҳкиро аз Душанбе то хонаи мо 60-70 сомонӣ буд, ҳозир барои як мусофир 100 сомонӣ мепурсанд. Ҳар сол ҳамин хел аст, ид шуд, нархро мебардоранд. Беинсофӣ мекунанд."
Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки ҳар дафъа гузоштани масъулият ба дӯши тоҷирону ронандагон дуруст нест. Бараъкс, ин гуруҳ бовар доранд, ки даромаду маоши мардум барои зиндагии шоиста кофӣ нест ва бинобар ин як зарра афзудани нарх ба ҷайби мардум зарбаи сахте мезанад.
Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ва истироҳати расмӣ аст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.