Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти сафари Путинро ба Душанбе гуфтанд. Мушовири Зеленский ҳушдор дод. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро ба Душанбе шарҳ доданд. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, "равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд".

Владимир Путин рӯзи 28-уми июн бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи сафари ӯ ягон санад имзо нахоҳад шуд. "Сафари корӣ аст ва танҳо як мулоқоти як ба як мешавад," -- афзуд Шарифзода.

Ба қавли сухангӯи президент, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "ҳамкориҳои дуҷониба, рушди муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва махсусан Афғонистон" суҳбат мекунанд.

Видео: Назару тахминҳо дар бораи сафари Путин:

Назарҳову тахминҳо дар бораи ҳадафи сафари Путин ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, низ ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, роҳбарони Тоҷикистону Русия дар навбати аввал ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, низомӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд.

"Дар ҷараёни мулоқот диққати асосӣ ба вазъият дар Афғонистон дода мешавад. Қарор аст, чораҳои муштарак дар мавриди таъмини амнияти сарҳади Тоҷикистон, пешгирӣ аз вуруди ифротгароҳо аз қаламрави Афғонистон ва тақвияти сохтори низомӣ баррасӣ шаванд," -- гуфтааст Ушаков.

Расонаҳои Русия, аз ҷумла "Спутник", навиштааст, эҳтимол дар ҷараёни дидори роҳбарони Тоҷикистону Русия масъалаи пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шавад. Маскав чанд сол аст, аз Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба ин созмони иқтисодӣ ҳамроҳ шавад, аммо мақомоти тоҷик гуфтаанд, фоидаву зиёни пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ доранд.

"Мо ин масъаларо ҳамеша бо ҳамкорони тоҷикамон баррасӣ мекунем. Мо, албатта, бартарии пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дар сатҳҳои гуногунро нишон медиҳем. Ҳамкорони мо ин масъаларо меомӯзанд", - гуфтааст Юрий Ушаков.

Ҷузъиёти сафари Путинро ба Душанбе шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Аз замони таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар таърихи 24-уми феврали имсол, ин сафари нахустини хориҷии Путин мебошад. Дар бораи ин сафар ҳамагӣ ду рӯз қабл тавассути телевизиони "Россия 1" хабар доданд.

Қаблан низ коршиносон дар Душанбе тахмин карданд, ки мавзӯи асосии гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъият дар Афғонистон хоҳад буд. Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Тоҷикистону Русия дар баробари ҳокимони нави Кобул назару мавқеи гуногун доранд. Маскав борҳо меҳмондори намояндагони Толибон будааст. Душанбе "Имороти исломӣ"-и Толибонро танқид карда, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ва бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон аст.

Ҳарчанд мақомоти расмии ду кишвар ҳадафи сафарро густариши ҳамкориҳо меноманд, танҳо ба танҳо мулоқот кардани ду президент ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе аз коршиносон тахмин мекунанд, ки дар ин дидор баъзе аз масъалаҳои "ҳассос"-и байни ду кишвар ва ҳам вазъи дохилии Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ин қатор аз эҳтимоли истифода шудани Тоҷикистон ҳамчун "равзан"-е барои наҷоти Русия аз таҳримҳои Ғарб, оштӣ додани Раҳмон бо Толибон ва масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон аз падар ба писар ном мебаранд. Мақомоти расмӣ ин баёнияҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Олекси Арестович, мушовири президенти Украина дар як мусоҳибааш рӯзи 28-уми июн ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон набояд ба Русия дар фиреб додани таҳримҳои Ғарб кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG