Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умре "Шоҳнома" омӯхт. Худоӣ Шарифзода чаро академик нашуд? ВИДЕО


Умре дар омӯзиши "Шоҳнома". Худоӣ Шарифзода кӣ буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Худоӣ Шарифзода умри худро сарфи омӯзиши "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ кард.

Худоӣ Шарифзода, пажуҳишгари машҳури адабиёти форсизабон агар умр вафо мекард, 85-сола мешуд.

Бо вуҷуди эътироф шудани ковишҳои илмии ин донишманд дар кишварҳои ҳамзабон, раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ӯро ба узвияти худ напазируфтааст. Ҳарчанд, соҳибназарон мегӯянд, ки пажӯҳишҳои Худоӣ Шарифзода дар мавриди вижагиҳои назмии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар адабиётшиносии форсизабонон мондагор мебошад.

Чаро узви Академия нашуд?

Худоӣ Шарифзода бо пажуҳиши машҳураш бо номи “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ" дар ҳавзаи форсибазонон шуҳрати беандоза касб карда буд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон низ ин пажуҳишгарро ба унвони устоди бештаре аз адабиётшиносон ва адибону рӯзноманигорон мешиносанд, аммо заҳматҳояш бо касби унвони академик ё ҳадди аққал узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ нашудааст. Фарангис Шарифзода, духтари ин донишманди фақид мегӯяд, нахуст раёсати Академияи илмҳо ба ҷонибдории номзадии падараш раъй надоданд, вале бори дуввум Худоӣ Шарифзода худаш нахост ба узвияти ин фарҳангистон пазируфта шавад. "Вале мутаассифона дуюм бор, ки гузаштанд, падарам қудрату иқтидору нерӯе, ки барои ҷомеа битавонанд саҳм гузоранд, надоштанд, худашон ҳам дигар он ҳавсалаву ҳавову ҳаваси он чизро надоштанд, чун вазъи саломатиашон ҳам хуб набуд.",-гуфт ӯ.

Ба эътиқоди соҳибназарон, аз Худоӣ Шарифзода ба унвони пайвандгари насли аввал ва дувуми адабиётшиносони тоҷик ном мебаранд. Иброҳим Усмонов, пажуҳишгари тоҷик, ки муддате ҳамроҳ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Худоӣ Шарифзода ҳамкор буд, мегӯяд, марҳум аз ҷумлаи шогирдони Шарифҷон Ҳусейнзода буданд ва аз мактаби тавонои адабиётшиносӣ гузаштаанд. “Худоӣ Шарипов, идомадиҳандаи кори аввалин гуруҳи олимони адабиётшиноси тоҷик, давомдиҳандаи кори профессор шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, яъне насли дуюми баъди инҳо ба ҳисоб мераванд. Ва анъанаи неке, ки инҳо доштанд, ин буд, ки пайванди адабиёти классикиро ба адабиёти муосири тоҷик меомухтанд, дарк мекарданд ва мегуфтанд. Устод барои номи хос, номи тоҷикӣ пайдо кардани адабиёти классикӣ мо ҳам заҳмати зиёде кашиданд.”,--гуфт Усмонов.

Роҳи Шарифзода дар илм

Тибқи иттилои маҳзанҳои илмӣ, Худоӣ Шарифзода ва пайравони мактаби илмии ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифтаанд. Дар ин мактаб масъалаҳои назариявӣ ва амалии адабиётшиносӣ, ба мисли назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти қарнҳои миёна, назарияи жанрҳо ва шаклҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Рустами Ваҳҳобниё, шоири тоҷик, дар пажуҳишҳои Худоӣ Шарифзода аз ҷумла ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Ӯ гуфт: “Дар бахши нақди адабиёти муосири тоҷик ҳам чӣ дар назм ва чӣ дар наср хеле муввафақ ҳастанд ва назари он кас дар бисёр мавридҳо ҳамчун меъёр, ҳамчун санҷаи арзишманди адабӣ-илмӣ қабул мешавад. Дар бахши омӯзиши адабиёт албатта барои ҳамаи мову шумо маълум аст, ки аз ибтидои фаъолияташон дар ҳавзаи омузишии адабиёт фаъолият доштанд ва бевосита ба таври мустақим шогирдони бисёреро парвариш карданд.”

Хонаводе, ки қурбони таъқиботи сталинӣ шуд

Ҳамкорони Худоӣ Шарифзода китобҳои «Балоғат ва суханварӣ», «Каломи бадеъ», «Савти Аҷам», «Рози ҷаҳон», «Шеър ва шоир», «Озурдагон ва умедворон», «Назарияи наср», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ" аз асарҳои барҷастаи Худоӣ Шарифзода ном мебаранд. Ин асарҳои пажуҳишгар ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Эрону Афғонистон ва дар дигар кишварҳо нашр шудааст. Аммо, ба эътиқоди Бадриддин Мақсудов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар ин радиф пурарзиштарин дониста мешавад ва ба ҳамин далел ин асар сазовори чанд ҷоизаи байналмиллалӣ низ шудааст.“Таҳқиқоти охирини эшон доир ба «Шоҳнома» аст, “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ», ки 35 ҷузъи чопиро ташкил мекунад, ҳамин китоби эшон дар Эрон низ бо ҳуруфи форсӣ чоп шуд ва дар он ҷо ҷоиза ҳам гирифт. Ва аслан дар Шоҳномапажуҳии ҷаҳонӣ устод Худоӣ Шарипов бо ин китобашон саҳми бисёр бузурге гузоштанд ва ҷанбаҳои норавшани “Шоҳнома”-ро эшон таҳқиқ карданд.”,--гуфт ӯ.

Зимнан, Худоӣ Шариф аз хонаводаи донишмандони улуми исломӣ буда, дар ҳаштсолагӣ падари донишманди худро аз даст дод. Ба гуфтаи наздикони Худоӣ Шарифзода, дар солҳои истибдоди сталинӣ падари ин донишманд қурбони ин сиёсат шудааст.

Худоӣ Шарифзода 29-уми октябри соли 2017 пас аз маризӣ дар синни 80-солагӣ фавтид ва ҷанозааш дар оромгоҳи Лучоби Душанбе дафн шуд.

XS
SM
MD
LG