Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пасманзари чолишҳои ҳастаӣ президенти Қазоқистон аз Эрон дидан мекунад


19 июн, Теҳрон. Президентони Қазоқистон ва Эрон - Қосимжомарт Тоқаев ва Иброҳим Раисӣ
19 июн, Теҳрон. Президентони Қазоқистон ва Эрон - Қосимжомарт Тоқаев ва Иброҳим Раисӣ

Рӯзи 19-уми июн дар Теҳрон президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев бо президенти муҳофизакор Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.

Ҳадафи ҳарду поин овардани таниш дар равобити дуҷониба ва ташвиқи дар даҳсолаҳои наздик барҳам додани захираҳои ҳастаӣ мебошад. Тибқи гузоришҳо, дар ин сафар Тоқаев ваъда додааст, ки барои эрониҳо ҳақи 14 рӯзи сафари бевиза дар Қазоқистон - сарватмандтарин кишвар дар Осиёи Марказӣ фароҳам мешавад. Ин мавзӯъ дар ҳолест, ки дар атрофи созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ғарбӣ дар бораи хатми барномаи ҳастаиаш ҳеҷ пешрафте дида намешавад.

Дар сафараш ба Эрон Тоқаев инчунин бо раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ ҳам дидору гуфтугӯ мекунад. Хоманеӣ қудрати асосии сиёсиву динии ин ҷумҳурии исломиро дар дасти худ нигоҳ медорад.

Дафтари президенти Қазоқистон дар нақли қавл аз Раисӣ навишт, ки миёни ду кишвар мувофиқаҳои ҷиддӣ ҳосил шудааст, ки дарро “барои имкониятҳои нав” боз мекунад, то ки мизони тиҷорати дуҷониба ба 3 миллиард доллар бирасад.

Тибқи гузоришҳо, Раисӣ гуфтааст: “Барои расидан ба ин ҳадаф мо тамоми имкониятҳоро дорем, бахусус дар бахши кишоварзӣ, интиқолҳои транзитӣ ва соҳаи нафт”. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки сӯҳбатҳои имрӯза барои ҳамкорҳои наздики миёни ду кишвар заминасоз хоҳанд шуд.

Матбуоти русӣ бо такя ба ISNA – хабаргузории донишҷӯёни Эрон хабар дод, ки ду ҷониб нӯҳ санади ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, нақлиёт, энержӣ, сармоягузорӣ, фанновариҳо ва ҷаҳонгардӣ имзо карданд. Қазоқистон истеҳсолкунандаи калони нафт ва уран буда ҳамроҳ бо Эрон узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст, ки ба он инчунин Русия, Ҳинд ва Покистон шомил мебошанд.

Пеш аз Эрон Тоқаев дар Русия буд ва дар форуми соҳибкории ин кишвар иштирок кард. Дар форуми шаҳри Санкт-Петербург, дар ҳоле, ки дар назди президенти Русия Владимир Путин нишаста буд, Тоқаев гуфт, ки истиқлолияти минтақаҳои ҷудоиталаб дар шарқи Украинаро эътироф намекунад. Ӯ инчунин гуфт, ки Қазоқистон таҳримҳои байналмилалии зидди Русия ҷоришуда бо сабабаи ҷангаш зидди Украинаро поймол намекунад.

Дар ҳоле, ки Тоқаев дар сафар буд, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ дар як матлабаш дар вебсайти русии РБК ба пурра нобуд кардани силоҳҳои ҳастаӣ то соли 2045 даъват кард.

Ин дар ҳолест, ки Русия баробари шурӯи ҷанг алайҳи Украина ба истифодаи эҳимолии силоҳи ҳастаӣ ишора кард. Тлеубердӣ дар мақолааш бахшида ба Созишномаи манъкунандаи силоҳҳои ҳастаӣ, ки зери он Қазоқистон ва 85 кишвари дигар имзо кардаанд, ба эҷоди ҷаҳони орӣ аз силоҳи ҳастаӣ даъват кард. Дар ин матлабаш дипломати калони қазоқистонӣ гуфт, ки ҳама кишварҳои дорои чунин силоҳ бояд зери назорати СММ аз чунин силоҳ раҳо шаванд.

Қазоқистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 1000 кулоҳаки ҳастаӣ, беш аз сад мушаки баллистикии байниқоравӣ, даҳҳо бомбафкане, ки иқтидори интиқоли бомбаи ҳастаиро дорад, даҳҳо маводи ҳастаӣ ва баробар бо ин, осеби азими муҳитзистӣ аз озмоишҳои бисёрсолаи ҳастаии Иттиҳоди Шӯравиро ба мерос гирифтааст. Чор сол баъди пош хӯрдани СССР Қазоқистон гуфт, ки аз амборҳои ҳастаиаш халос мешавад. Ҳисоб шудааст, ки ин кишвар чорумин калонтанин амбори ҳастаиро дар ихтиёр дорад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG