Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯ иддао дорад, Тоқаев аз гирифтани ордени Русия даст кашид


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Сухангӯйи Қосимҷомарт Тоқаев иддао кардааст, ки раисиҷумҳури Қазоқистон аз гирифтани орден барои ҳамкорӣ бо Русия даст кашид.

Руслан Желдибой рӯзи шанбе ба сомонаи “Власт” гуфтааст, Тоқаев тасмим гирифт, то поёни давраи президентияш ҷоизаи дохилӣ ва хориҷӣ намегирад.

Ӯ афзудааст, президенти Қазоқистон ба қарибӣ аз гирифтани ордени Александр Невский низ парҳез кард.

Ордени Александр Невскийро ба сиёсатмадорони хориҷӣ ва барои хидматҳояшон дар рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Русия медиҳанд.

Ба гуфтаи сухангӯ, Тоқаев дар ҷараёни сафари худ ба Бишкек дар моҳи майи имсол аз гирифтани ордени Манас, дараҷаи 1, низ даст кашид.

Сухангӯйи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 18-уми июн ба баъзе расонаҳо гуфтааст, нақшаи тақдими ҷоиза ба Тоқаев дар Русия вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG