"Бунёди Бузургмеҳр" аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хостааст, ба фишору боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон расидагӣ кунад.
Ин созмони мустақар дар Аврупо рӯзи 17-уми июн гуфт, дар як моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам чаҳор журналисту блогер дастгир ё ба самти номаълум бурда шуда, чанд хабарнигори дигар латукӯб ва таҷҳизоташон рабуда шудааст.
Дар нома ба қазияи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) таъкид шудааст.
"Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, мақомот онҳоро барои гузоришдиҳии мустақилона ва навиштаҳои танқидомез дар бораи мансабдорон ва пахши иттилои алтернативӣ дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон дастгир карданд ё “гирифта бурданд”.
Муаллифони нома аз ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее время” низ ёд оварданд, ки 17-уми май ва баъди суҳбат бо рӯзноманигору фаъоли ҷомеаи маданӣ Улфатхоним Мамадшоева дар Душанбе сурат гирифт.
Ҳамлаварон телефону дастгоҳи сабти хабарнигоронро гирифтанд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ кушода, сабабгоронро мекобанд. Дар ҳамин ҳол, як марди ношинос ба яке аз хабарнигорон паём додааст, ки агар аризаи худро пас бигиранд, дастгоҳҳоро бармегардонанд.
“Бунёди Бузургмеҳр” мегӯяд, ин далелҳо “баёнгари афзоиши фишор ба расонаҳову хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон аст”. Масъулони Бунёд гуфтаанд, Тоҷикистон узви САҲА аст ва бояд масъулиятҳояшро дар мавриди ҳифзи озодии баёну риояи ҳуқуқи одамон иҷро кунад.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳанӯз ба боздошту маҷбурӣ ба самти номаълум бурда шудани рӯзноманигорон дар Тоҷикистон вокуниш накардааст.
Солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест.