Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳримҳои зидди Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ зарба задааст"


Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфтааст, таҳримҳои Ғарб зидди Русия аллакай ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир расондааст.

Бино ба пешбинии СБМ, таҳримҳои Ғарб ба иқтисоди Русия ва бозори меҳнат сахт таъсир хоҳанд расонд. Сухан аз коҳиши ҷойҳои корӣ ва аз 4,4 дарсад то ба 7,8 дарсад афзоиш ёфтани сатҳи бекорӣ меравад. Поинравии иқтисоди Русия ба даромади онҳое, ки дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд, бетаъсир нахоҳад монд.

Масъулони созмон гуфтаанд, муҳоҷирон аллакай ба ватанҳои худ бармегарданд. Бар асоси омори СБМ, дар семоҳаи аввали соли равон 60 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ва 133 ҳазор аз Узбекистон ба кишварҳои худ баргаштаанд.

Тибқи пешбиниҳои Бонки ҷаҳонӣ, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Қазоқистон - 17 дарсад, Узбекистон - 21 дарсад, Тоҷикистон - 22 дарсад ва Қирғизистон - 33 дарсад коҳиш меёбад.

Ба ҳисоби созмон, дар Русия чаҳор миллион муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ - як миллион аз Тоҷикистон, як миллион аз Қирғизистон, ҳудуди ду миллион аз Узбекистон ва 200 ҳазор аз Қазоқистон кор мекунанд ва пулҳои интиқолдодаи онҳо то 30 дарсади ММД кишварҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG