Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бозии даври севум ва охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, кишаби сешанбе, 14-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.
Бояд гуфт, ки бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «F” чандон арзиши муҳим надоштанд, зеро дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон пешакӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.
Дар бозии охирин ҳарду даста танҳо барои дар гурӯҳ ғолиб шудан талош варзиданд. Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин дидор натиҷаи мусовӣқаноатманд мекард. Бозӣ пуршиддат ва бо ҳуҷумҳои ҳарду даста сурат гирифт, вале бидуни гол ба поён расид.
Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи «F” ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии қора, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт. Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.
Мунтахаби Қирғизистон бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин низ 7 имтиёз ба даст овард ва бо назардошти таносуби тӯбҳо дар ин гурӯҳ мақоми дувумро азони худ кард. Тими миллии Қирғизистон бори дувум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.
Умуман, дар таърихи ҳарду даста ин бозии 16-ум миёни тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба шумор мерафт. Дар 9 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 3 дидор футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд, чаҳор бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст.
Дар бозии дигари даври охирин дар гурӯҳи «F”, ки 14-уми июн дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек доир гардид, дастаи мунтахаби Сингапур тими миллии Мянмарро бо ҳисоби 6:2 мағлуб кард. Сингапур бо касби се имтиёз дар ҷадвали ин гурӯҳ мақоми севумро соҳиб шуд. Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гаштанд.
Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бояд дар Чин баргузор мешуд, вале як моҳ пеш Чин аз гузаронидани мусобиқа даст кашид. Дар куҷо баргузор шудани марҳилаи ниҳоииҶоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми октябри имсол дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) маълум хоҳад шуд.
Петер Сегрт, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми бозӣ муқобили тими миллии Қирғизистон баргузор шуд, аз пирӯзии дастааш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, «ҳарду даста – Тоҷикистон ва Қирғизистон барои дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок кардан арзандаанд. Дастаи мо, ки аз ҳисоби ҷавонон таркиб ёфтааст, ояндаи хуб дорад. Ман аз бачаҳои худ ифтихор мекунам. Дар муваффақияти даста, пеш аз ҳама Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиён, бозигарон ва ҳамаи аъзои тими мунтахаб хидмати шоиста карданд. Ба Федератсияи футболи Қирғизистон барои муҳайё сохтани тамоми шароити зарурӣ дар ҷараёни мусобиқа изҳори сипос менамоям. Бозии моро бо дастаи мизбон мухлисони сершумори футбол дар варзишгоҳ, ки хеле муносибати дӯстона карданд, ҷолиб намуданд. Хуллас, мизбонон ин мусобиқаро дар сатҳи баланд баргузор карданд, ки аз онҳо хеле миннатдорем.»
Бозиҳои даври севум ва охирин дар панҷ гурӯҳи дигари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 низ рӯзи 14-уми июн баргузор шуданд.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шаш ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойҳои дувум қарор гирифтанд, роҳ пайдо карданд: Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия.
Бояд гуфт, ки қаблан тимҳои миллии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки тобистони соли оянда баргузор мешавад, 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Мянмар – 4:0
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0), МанучеҳрҶалилов, 55 – аз пеналти (2:0), Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0), Эҳсони Панҷшанбе, 84 (4:0)
Қирғизистон – Сингапур – 2:1
Голҳо: Сон Уй-Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).
Даври 2-юм
Сингапур – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 53 (0:1)
Мянмар – Қирғизистон – 0:2
Голҳо: Виктор Майер, 25 (0:1), Виктор Майер, 45+1 (0:2).
Даври 3-юм
Қирғизистон – Тоҷикистон – 0:0
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 82), Шервонӣ Мабатшоев, Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 90+4), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 69).
14-уми июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов. 17 340 тамошобин.
Мянмар – Сингапур – 2:6
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “F”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
5-0 |
7 |
2 |
Қирғизистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
4-1 |
7 |
3 |
Сингапур |
3 |
1 |
0 |
2 |
7-5 |
3 |
4 |
Мянмар |
3 |
0 |
0 |
3 |
2-12 |
0 |