Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, 20 дар сади Северодонетскро аз дасти Русия пас гирифтанд


Вилояти Луганск, ки 90 дар сади он ба дасти неруҳои Русия гузаштааст.
Вилояти Луганск, ки 90 дар сади он ба дасти неруҳои Русия гузаштааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки неруҳои кишвар 20 дар сади қаламрави шаҳри Севердонетскро аз дасти неруҳои Русия пас гирифтанд ва мумкин аст, то ду ҳафтаи дигар дар минтақаи Донбас муқовимат кунанд, ки сарбозони рус ҳуҷум ба онро идома медиҳанд. Сергей Гайдай, раиси Идораи минтақавии низомии Луганск гуфт, ки неруҳои Украина дар дохили шаҳри Северодонетск ҳамчунон мавзеъҳои худро нигаҳ медоранд ва дар чанд минтақа артиши Русияро ба ақибнишинӣ водор кардаанд. Ӯ афзудааст: “То замоне, ки мо ба қадри кофӣ аслиҳаи дурбурди ғарбӣ дошта бошем, тӯпхонаҳои онҳоро ҳамон қадар аз мавзеъҳои худ дур мекунем.”

Гайдай рӯзи 4-уми июн гуфт, ки неруҳои Русия, тамоми пулҳои фарози рӯдхонаи Северский Донетскро метарконанд, то монеи тақвияти неруҳои украинӣ ва расонидани кумак ба ғайринизомиён дар Северодонетск шаванд. Таҳқиқи фаврии иддаоҳои ин мақоми украинӣ номумкин аст. Низомиёни Украина мегӯянд, Русия неруҳояш дар Северодонетскро тақвият додааст, то амалиёти таҳоҷумиеро бо истифода аз тӯпхонаҳо анҷом диҳад. Шаҳри мазкур чанд ҳафта боз аз тарафи неруҳои Русия бомборон мешавад.

Дар баёнияи артиши Украина аз рӯзи 4-уми июн омадааст: “Душман бо ҳимояти тӯпхонаҳо ҳамла ба шаҳри Севердонетскро идома медиҳад. Неруҳояшро дар сипоҳи дуввуми артиш тақвият додааст ва ҷанг дар шаҳр идома дорад.”

Аммо гуфтааст, артиши Украина, неруҳои Русия баъди чанд талоши ноком барои пешравӣ дар шаҳри Бахмут ва ҷудо кардани он аз Северодонетск ақибнишинӣ кардаанд.

Дар вилояти ҷанубии Одесса рӯзи 4-уми июн як мушак ба анбори маҳсулоти кишоварзӣ бархӯрда ду нафарро маҷруҳ кардааст. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати шаҳр дар саҳифааш дар Телеграм хабар додааст.

Русия ҳамлаҳо ба манотиқеро, ки ҷудоиталабони зери ҳимояти он ҳузур доштанд, зиёдтар кардааст ва айни замон кишварҳои ғарбӣ талош доранд, ба Украина аслиҳаи бештар бифристанд, ки артиши хурде дар муқоиса бо Русия дорад.

Вазорати дифои Бритониё мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои Русия дар фазои минтақаи Донбас фаъол ҳастанд ва бо истифода аз мушакҳои гуногун ба ҳадафҳо зарба мезананд. Вазорат рӯзи 4-уми июн гуфт: “Истифода аз мушакҳои ҳидоятношуда сабаби вайрониҳои зиёд дар Донбас ва талафоти зиёд дар байни ғайринизомиён шудааст. “

Ба тахмини Хадамоти ҷосусии Бритониё, Русия ҳоло 90 дар сади вилояти Луганс дар шарқи Украинаро ишғол кардааст ва шояд то ду ҳафтаи дигари тамоми онро бигирад. Ба қавли хадамоти мазкур, пешрафтҳои тактикии Русия бо қимати баланди талаф ёфтани имконоту манобеи ин кишвар даст додааст ва зоҳиран ин тамоюл идома мекунад. Аз ҷанги бедалели Русия дар Украина, ки 100 рӯзи расо аз он гузашт, даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд. Бештар аз 14 миллион нафар хонаҳои худро тарк кардаанд ва иқтисоди ҷаҳонӣ ҳам аз ин ҷанг осеби зиёд дидааст.

XS
SM
MD
LG