Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Ҷунайдулло Худоёровро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карданд


Мавҷигул Ғарибова
Мавҷигул Ғарибова

Додгоҳи ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) модари 66-солаи Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро ба авбошӣ гунаҳкор карда, ба ду сол ҳабси хонагӣ маҳкум намудааст. Ҳукм 1-уми июн содир шуд.

Мақомот гуфтанд, Мавҷигул Ғарибова охири соли 2021 ҷавони ҳамдеҳааш Алишери Насриддинро "заду маҷруҳ кард". Худаш бовар дорад, "ин ҳукм не, туҳмат аст". Ҳамзамон Алишери Насриддин ба авбошӣ муттаҳам ва ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ҷарима вазифадор шудааст. Назари ӯ дастрас нест.

"Аз тафтишоти ноодилонаи маъмурони милиса ва додситонии ноҳияи Рашт норозиям. Онҳо дар мавриди захмӣ шудани ҳамдеҳаамон, Алишери Насриддин, далел наёфтанд, аммо ба ҳар баҳона кӯшиданд, ки ман ҷазо бигирам," – гуфт Мавҷигул Ғарибова рӯзи 1-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Алишери Насриддин, бародари яке аз гунаҳкорон ба қатли Алиризо Худоёров – набераи Мавҷигул Ғарибова – аст. Ҳарду оила солҳо бо ҳам баҳс доштанд ва он дар моҳи июли соли 2021 сабаби марги Алиризо шуд.

Пайвандони Алишери Насриддин рӯзи 1-уми июн ба зангҳои мо посух надоданд. Маълум нест, аз ҳукми додгоҳ то куҷо розиву то куҷо норозиянд.

Мавҷигул Ғарибова мегӯяд, ӯ барои бозбинии ҳукмаш талош хоҳад кард, аммо на дар минтақа, балки ин дафъа дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дигар. Дар ҳоле ки, ба иддаояш, дар ин қазия ӯ ҷабрдида аст.

"Аз хонаи духтарам бармегаштам. Амаки Алишер Насриддинов фавтида буд. Дар роҳ аз ман пурсид, ки аз марги амакаш хушҳол ҳастам ё не. Гуфтам, ҳеч гоҳ хушҳол нестам, аммо касе, ки набераам Алиризоро кушт, мемурд, беҳтар буд. Хашмин шуд ва ба ман ҳамла кард. Сутунмуҳраам осеб дидааст," – гуфта буд ӯ дар суҳбати пешинааш.

Айни шикоятро Алишери Насриддин ба мақомот кардааст, ки Мавҷигул Ғарибова ба ӯ ҳамла карду осеб расонд.

Раёсати умури дохилии ноҳияи Рашт рӯзи 16-уми ноябри соли 2021 ба зидди Мавҷигул Ғарибова ба гумони даст доштан дар "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ кушод. Духтараш Валамат Худоёрова низ бо айни иттиҳом ба ҷавобгарӣ кашида шуд, вале рӯзи 1-уми июн бегуноҳ эълон шуд.

Баррасии парвандаи Мавҷигул Ғарибоваро моҳи апрели имсол аввал дар Додгоҳи ноҳияи Рашт шуруъ карданд. Баъдан, “ба хотири шаффофият ва беғаразӣ”, ба Додгоҳи ноҳияи Лахш кӯчонданд. Мурофиаро додрас Маҳмуд Баротзода раисӣ кард, вале тамосҳои мо то ин дам бенатиҷа буд.

Мухолифат ва муноқишаи хонаводаи Мавҷигул Ғарибова ва Алишери Насриддин, ба қавли сокинони Рашт, аз қабл вуҷуд дошт, аммо пас аз марги Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишгоҳи Рашт дар моҳи июли соли 2021 шиддат гирифтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла бародари Алишери Насриддин – Зафарҷони Насриддин ва Абдулло Азимовро ба гуноҳи даст доштан дар қатли ӯ аз 17 то 19 сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Ҳукме, ки ҳарду тарафро норизо гузошт ва зоҳиран баҳсро бузургтар кард.

XS
SM
MD
LG