Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили терроризму ҷудоиталабӣ дар мулоқоти мақомоти тоҷик ва чинӣ


Акси ҳайати чинӣ аз сайти mfa.tj
Акси ҳайати чинӣ аз сайти mfa.tj

Мавзӯи амният дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти Тоҷикистон ва Чин буд. Дар мулоқоте, ки 28-уми май дар шаҳри Душанбе миёни муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин барпо шуд, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ таъкид гардидааст. Ҷузъиёти дигари ин мулоқот нашр намешавад. Сафари мақоми чинӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон сурат гирифт. Чин ҳамсояи наздик ва сармоягузори азимтарини иқтисоди Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG