Департаменти давлатии Амрико хабар дод, ки ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Доналд Лу ҳайати амрикоиро дар сафар ба Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯзҳои 23-27-уми май роҳбарӣ мекунад.
Дар ин ҳайат мудири Шӯрои миллии амният дар умури Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиаи Амрико дар масоили Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Симмерман, муовини ёвари раёсати Бюро дар умури Осиёи Оҷонси ИМА оид ба рушди байналхалқӣ Анҷалӣ Каур ва дигар шахсони расмӣ шомил ҳастанд.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Қулибоев Доналд Луро ба ҳузур пазируфт. Ду ҷониб ҳамкориҳои Қирғизистонро бо ИМА баррасӣ карданд.
Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эъломи таҳримҳо нисбати Русия ниҳодҳои молии байнулмилалӣ пешбинӣ карданд, ки рушди иқтисодии Қирғизистон суст ва болоравии нархи маҳсулот дар ин кишвар мушоҳида хоҳад шуд.
Девони вазирони Қирғизистон эътироф кард, ки "таҳримҳои эълоншуда нисбати Русия ба иқтисоди Қирғизистон таъсири манфӣ расонидаанд".
Ҳайати амрикоӣ аз Қирғизистон ба Узбекистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон ворид мешавад.