Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муолиҷаи саратон ба дӯши роботҳо меуфтад? ВИДЕО


Маркази саратоншиносӣ дар шаҳри Бишкек
Маркази саратоншиносӣ дар шаҳри Бишкек

Муҳандисон нанороботеро ихтироъ доранд, ки метавонад бо ҳаракат дар бадани инсон омоси саратонро нест кунад.

Профессори Донишгоҳи Техас ба ихтирои роботи ноёан дар чашм шурӯъ кардааст, ки метавонанд ҳамчун як гурӯҳи мустақил фаъолият карда, саратон дар бадани инсонро муолиҷа намоянд.

Юбин Ҷэн, муҳандиси Донишгоҳи Техас дар Остин бо гурӯҳи худ ба сохтани роботҳое сар кардааст, ки аз нӯги қалам ҳам хурдтаранд. Онҳо метавонанд дар ҷисми инсон «шино карда», мустақилона мушкили аъзои бадан, аз ҷумла варами омосро нобуд кунад.

Юбин Ҷэнг, профессори Донишгоҳи Техас мегӯяд: “Умед дорем, ки рӯзе онҳо вориди ҷисми инсон шуда, ҷои омосро муайян ва ё ҷарроҳӣ мекунанд. Ин амал бе буридани ягон узв иҷро мешавад”

Ин иддао аз нигоҳи аввал як тахайюли илмӣ аст, аммо олимони дунё ҳоло талош доранд онро ба воқеият табдил диҳанд. Роботҳоро тавассути сӯзандору ё фурӯ бурдан вориди ҷисми инсон мекунанд. Ба гуфтаи Ҷэнг, барои расидан ба ҳадаф онҳо дастаҷамъона кор хоҳанд кард. Бархе аз муҳаққиқон барои ба ҳаракат даровардани нанороботҳо аз ултрасадо ва реаксияҳои кимиёвӣ истифода мебаранд.

Гурӯҳи роботсозони Ҷэн барои идораи роботҳои хурд, ки аз тилло, пластик ва силикон сохта шудаанд, нур ва шуоҳои қавиро истифода мекунанд. Ҷен онҳоро микро/наноробот ном мебарад ва мехоҳад роботҳо мисли моҳиён кори якҷояро омӯзанд.

Роботҳои ноаён саратонро нобуд мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Юбин Ҷэнг, профессори Донишгоҳи Техас мегӯяд: “Чӣ тавр мо метавонем теъдоди зиёди микророботҳоро водор кунем, то онҳо гуруҳӣ кор кунанд ва кори ҳамоҳангшударо иҷро кунанд.”

Профессор Ҷэнг, роботҳоро ба мошинҳои худгард шабеҳ мекунад, ки масир ё роҳашон муайян аст, аммо бояд қоидаҳои роҳ ва хатарҳоро омӯзанд.

Юбин Ҷэнг гуфт: “Муҳим барои онҳо ин кӯшиши пешгирӣ аз халалдор кардани системаи масунияти бадан аст.»

Офарандагонаш ният доранд, ки кори нанороботҳо оянда фақат бо ҷисми инсон маҳдуд нашавад. Ҷэнг мегӯяд, имкон дорад, рӯзе ин роботҳо дар кӯлу дарёҳо ҳам шино карда онҳоро аз ифлосиҳо пок созанд. Қарор аст тафтиши кори нанороботҳо дар ҷисми инсон то ду-се сол оғоз шавад. Яъне он рӯз дур нест, ки нанороботҳо ба табобати саратон ва ҷарроҳии узвҳои дохилии инсон шурӯъ кунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG