Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми май зимни ширкати фосилавиаш дар иҷлоси 78-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО), ки бо ҳузури дабири кулли СММ Антонио Гутерреш барпо шуд, аз таъсири пандемия ба иқтисоди кишвараш гуфт. Тавре вебсайти президенти Тоҷикистон менависад, суханронии Раҳмон ба таъсири буҳрони бемории ҳамагир ба иқтисоди кишварҳо, талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди беморӣ ва коҳиш додани паёмадҳои иқтисодию иҷтимоии он бахшида шуд. Раҳмон, аз ҷумла, гуфтааст: “Бо саъю кӯшиши муштарак мо тавонистем таҳдидҳои дар натиҷаи паҳншавии COVID-19 зуҳуркардаро то андозае коҳиш диҳем”.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст, “ба шарофати тадбирҳои саривақтии зиддибуҳроние, ки аз ҷониби ҳукумат ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таъсири ҳамагирӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар амалӣ карда шуданд, тамоюли эҳёи иқтисод пас аз бемории КОВИД-19 мушоҳида мегардад. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 рушди иқтисодӣ дар кишвар 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 4,7 фоиз зиёд мебошад”.
Раҳмон омилҳои асосии мусоидат ба суръати баланди рушди иқтисодиро дар “афзоиши талаботи истеъмолӣ, сармоягузории хориҷӣ, эҳёи раванди рушди иқтисод ва савдои ҷаҳонӣ” арзёбӣ кардааст. Вале дар суханронии президенти Тоҷикистон ҳеҷ ҳарфе дар бораи паёмадҳои рӯшани ҷанги Русия алайҳи Украина ва афзоиши якбораи нарху наво ба маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, орду гандум ва маводи сӯзишворӣ чизе гуфта нашуд.
Ин дар ҳолест, ки дар пешбиниҳои моҳи апрели Бонки осиёи рушд таъкид шудааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии Русия ба Украина эҳтимол дорад суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ коҳиш ёбад ва танҳо соли оянда вазъ каме беҳтар шавад. Коршиносони БОР дар як гузориши ахири худ сатҳи таваррум дар Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 15 дарсад ва коҳиши қобили мулоҳизаи маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик аз Русияро пешгӯӣ кардаанд.
Коршиносон дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи сӯхт, маводи ғизоии воридотӣ ва фишор болои сомониро ба далели коҳиши якбораи қурби рубли русӣ аз воқеиятҳои баъди ҳуҷуми се моҳ пеши Русия ба Украина меноманд.