Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори бештар баъди шикоят аз мушкили чарогоҳ


Акси чарогоҳе дар ноҳияи Варзоб аз бойгонӣ
Акси чарогоҳе дар ноҳияи Варзоб аз бойгонӣ

Чанде аз сокинони ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт мегӯянд, пас аз шикоят дар мавриди мушкили чарогоҳ дар маҳаллашон зери фишори мақомоти интизомӣ қарор гирифтаанд.

Гурӯҳе аз сокинон рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки беш аз ҳазор гектар заминҳои чарогоҳро Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини Рашт ҳангоми раисияш ба пайвандонаш дода, намегузорад чорвои дигарон вориди чарогоҳе шаванд , ки дар гузашта умумӣ буд. Рӯзи 19-уми май яке аз сокинон, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор буданд, бо расонаӣ шудани мушкилашон масъала ҳал мешавад. "Лекин баъди ин шикоят моро ба идораи шӯъбачаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳраки Навободи ноҳия даъват карда, гуфтанд: “баёнот нависед, ки барои чӣ ҳар ҷо шикояту доду вой мекунед, навиштем, масъалаи чарогоҳро гуфтем", - афзуд ӯ.

Ҳабибулло Сафолзода, сардори шӯъбачаи ВКД дар шаҳраки Навободи Рашт, рӯзи 19-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ даъвати сокинонро тасдиқ ё рад накард. Вай барои сӯҳбат дар ин бора номаи расмӣ хост ва пурсид, ки исми афроде, ки ҳоло шикоят доранд, гуфта шавад. Сокинон мегӯянд, намехоҳанд исмашон бурда шавад, зеро метарсанд, ки баъди сӯҳбат ба "дардисар"-и дигаре гирифтор мешаванд. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо таъкид намуд, ки баъди нашри гузориш дар бораи камбудӣ чарогоҳ аз мақомот зуд-зуд омада ҳавлии назди манзилашонро андоза мегиранд, то ба санадҳои расмияшон мутобиқ аст ё не. Бархе аз сокинон таъкид намуданд, ки аз онҳо Бахтиёр Наҷмиддинов, нозири калони минтақавӣ дар шаҳраки Навобод дар мавриди норозигияшон аз камбуди чарогоҳ ва шикоят намудан баёнот гирифтааст.

Бахтиёр Наҷмуддинов фишор ба сокинонро ба хотири шикоят кардан рад кард. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ намуд, ки аризаи яке аз сокинон дар мавриди норасоии чарогоҳро дар даст дорад, вале сари онҳо фишор наовардааст. Ду ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 10-уми май миёни Идибек Лоиқов, бародари Қаноатшо Лоиқзода ва чанде аз чорводорони дигар ҷанҷоли лафзӣ сар зад, ки он ба дашному ҳақорат анҷом ёфт: "Барои ҳамин ҷанҷол гуфта даъват карданд, вақте рафтем чаро ба ҳар ҷо шикоят кардед, гуфтанд". Нигаронии сокинон аз даъвати мақомоти интизомӣ баъди сӯҳбат ба расонаҳо бори нахуст набуда, дар гузашта ҳам гоҳе садо додааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳар шаҳрванд ҳақи суҳбат бо расонаҳоро дорад. Одатан мардум пас аз он ба расонаҳо шикоят мебаранд, ки ҳарфашон назди идораҳои дигари масъул нодида гирифта мешавад.

Сокинони ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт ҳам мегӯянд, тай чанд соли ахир талошҳояшон барои дигарбора баргардонидани чарогоҳҳо ба ихтиёри умум бенатиҷа боқӣ монда, дар ниҳоят ба расонаҳо шикоят карданд. Онҳо пештар барои бозгардонии чарогоҳҳо ба раёсати феълии ноҳияи Рашт муроҷиат карда будаанд. Дар санадҳои расмие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, шахсоне, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд, зиёда аз 190 кас ҳастанд. Дар пай муроҷати онҳо масъала додгоҳӣ шудааст. Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Қаноатшо Лоиқзода, раиси пешини Раштро дар мавриди ҷудо намудани заминҳои чарогоҳ ба хоҷагии "Абдухолиқ", ки ба наздикони ӯ тааллуқ дорад, бекор кардааст. Вале тарафи дигар шикояти кассатсионӣ бурда, баҳс то ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Идибек Лоиқов, бародари Қаноатшо Лоиқзода, шикояти сокинонро дар мавриди беасос гирифтани чарогоҳҳо ва роҳ надодани чорвои дигарон беасос медонад. Мушкили дастрасӣ ба чарогоҳҳо танҳо хоси ин ноҳия набуда, соҳибони чорво дар минтақаҳои дигар низ шикоят мекунанд, ки барои чаронидани гову гӯсфандашон ҷой надоранд. Дар аксар ҳолат сокинон нигаронӣ мекунанд, ки дар баҳсҳо дар баробари мақомдорон дасткӯтоҳанд. Қаблан мақомот иттилоъ дода буданд, ки дар кишвар 3,8 миллион гектар чарогоҳ аст, ки аз ин танҳо 2,8 миллионаш мавриди истифода қарор дорад ва боқимонда бо сабабҳои гуногун истифода намешаванд. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон бештар аз 2 миллиону 300 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд вуҷуд дорад. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳаҳо ва манбаи даромади оилаҳои зиёде аст.

XS
SM
MD
LG