Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайд Раҷаб. Шоири кӯдакон, аммо зери шубҳаи коммунистон. ВИДЕО


Убайд Раҷаб, шоир
Убайд Раҷаб, шоир

Шоири халқии Тоҷикистон, Убайд Раҷаб, то ҳанӯз ягона адиби тоҷик аст, ки ҷоизаи байнулмилалии Ҳанс Кристиан Андерсенро гирифтааст. Ашъори ӯ барои кӯдакон дар Тоҷикистон низ бо унвону ҷоизаҳои баланд қадрдонӣ шудаанд, аммо соли 1979 барои чопи "Гузашти айём"-и Ҷумъа Одина аз вазифаи сардабири "Садои Шарқ" барканор ва мавриди шубҳаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарор гирифт.

Ӯ 15-уми майи соли 1932 зода шуда, роҳи зиндагии эҷодияш аз деҳаи Негнот дар Панҷакент оғоз ёфтааст. Китобҳои нахустинаш замоне мунташир шуданд, ки ҳамагӣ 26 сол дошт. Ашъораш барои кӯдакон ва наврасон ба зудӣ ӯро машҳур карданд.

Пас аз чанд сол кор дар нашрияҳои кишвар бо даъвати раҳбари адибон, Мирзо Турсунзода, ходими адабии маҷаллаи "Садои Шарқ" шуд ва дар ин ҷо то мақоми сармуҳаррири маҷалла расид.

Ба ақидаи бисёриҳо, Убайд Раҷаб тавонист, ин маҷалларо ба пурхонандатарин нашрияи Тоҷикистон табдил диҳад. Дар пайравӣ ба Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода, аз онҳое шумурда мешавад, ки роҳи ҷавононро ба адабиёт боз ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард.

Наздиконаш мегӯянд, Убайд Раҷаб дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буд ва аз худ номи нек гузошт. Дар Тоҷикистон хотираи Убайд Раҷабро гиромӣ медоранд. Дар зодгоҳаш осорхонаи ӯро таъсис додаанд. Китобхонаи шаҳри Панҷакент низ ба номи ӯст.

Вале ончӣ симо ва корномаи ӯро зинда медоранд, китобҳояш ва ҳимояташ аз "Гузашти айём" аст. Қаҳрамонияш, ки дар авҷи низоми сензуравии Шӯравӣ тавонист, ин асарро ба ҳазорон хонанда расонад.

Мустанадеро дар бораи кору зиндагии Убайд Раҷаб дар инҷо бинед:

Убайд Раҷаб. Ҳамсуҳбати ширинзабон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:22 0:00
XS
SM
MD
LG