Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори "Настояшее Время" гуфт, "бо товусҳо гап зан."
Ин ҳарф замоне садо дод, ки хабарнигор баъди анҷоми нишасти Лавров, сарироҳӣ аз ӯ хост, ки ба "як савол аз намояндагони расонаҳои хориҷӣ" посух диҳад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки суолро бояд дар нишаст мепурсидед. Хабарнигори "Настояшее время" ба ин ҳарфҳои Захарова эътироз кард, ки "кормандони шумо моро иҷозаи ширкат надоданд." Дар ин вақт Сергей Лавров бо ишора ба тарафи хабарнигорони Радиои Озодӣ, "Настояшее время" ва "BBC" гуфт, "бо товусҳо гап зан." Дар вақти суҳбати Сергей Лавров бо намояндагони расонаҳои давлатии Русия, дар саҳни Кохи Сомон, товусҳо садо бароварда, ба суҳбат халал мерасонданд.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, аз нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ, берун шуда буд. Дар ин нишаст, ба ҷуз аз намояндагони расонаҳои давлатии Русия ба дигар хабарнигорон, аз ҷумла кормандони Радиои Озодӣ, Настояшее время ва BBC иҷоза надоданд, то бо Лавров суҳбат кунанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Кохи Сомон иттилоъ медиҳад, ки кормандони Вазорати корҳои хориҷии Русия ба онҳо гуфтанд, ҳаққи сабти нишасти Сергей Лавровро надоранд. Вале намояндагони ВКХ Русия нагуфтанд, ки чаро ба ҷуз аз расонаҳои давлатии Русия дигарон ҳаққи ширкат дар нишасти хабарии Сергей Лавровро надоранд.
Шикваи Лавров аз Ғарб
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия зимни суҳбат бо расонаҳои давлатии ин кишвар дар Душанбе, таҳримҳои Ғарбро зидди Русия, ки дар робита ба таҷовузи он ба Украина ҷорӣ шудаанд, "яктарафа ва ғайриқонунӣ" номид. Ӯ гуфт, дар бораи "амалиёти махсус"-и Русия дар Украина ба ҳамтоёнаш аз Белорус, Қазоқистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ суҳбат кардааст.
Лавров гуфтааст, амалкарди Ғарбро маҳкум мекунанд, ки ба гуфтаи ӯ, ба "нобуд кардани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ равона шудааст."
"Ҳама таъкид карданд, ки таҳримҳои якҷонибаи Ғарбро қабул намекунанд,"--афзуд Лавров. Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ паси дарҳои баста баргузор шуд ва дақиқ нест, ки ширкатдорон дар бораи ҷанг дар Украина чӣ гуфтаанд ва кадом мавқеъро гирифтанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба Душанбе омада буд. Ин нишаст паси дарҳои баста баргузор шуд.
Дар бораи таҳримҳои Ғарб чӣ гуфтанд?
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Мухтар Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон баъд аз нишаст дар бораи таҳримҳо чизе нагуфтанд.
Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияии ИДМ, дар поёни нишасти Душанбе гуфт, вазирони корҳои хориҷӣ масъалаи таҳримҳоро баррасӣ карданд. Вале ба гуфтаи Лебедев, масъалаи асосӣ дастгирии ҳамдигар дар шароити феълӣ буд.
“Ин ки мо чигуна метавонем дар рӯзҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем. Дар ҷараёни ҷаласаи маҳдуд бештар ба масъалаи ҳамоҳангсозӣ дар масъалаҳои сиёсати берунаи кишварҳоямон дар ин шароити мушкили байналмилалӣ тамаркуз карда шуд. Намоядагони сиёсати хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар ин бора гуфтанд ва аз ҳама муҳим ба фаъолияти ҳамоҳангшуда дар саҳнаи сиёсати хориҷӣ ба хотири ҳимоят аз ҳар кишвар узв розӣ шуданд,”--афзуд раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Украинаро боз ҳам парчамаш намояндагӣ кард
Нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ду соат пушти дарҳои баста идома кард. Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии узви ИДМ ширкат доштанд. Курсии Украина дар толор холӣ буд ва ин кишварро танҳо парчамаш намояндагӣ мекард. Намояндагони Молдова ҳам дар ҷаласа ширкат надоштанд. Хабарнигоронро танҳо ба қисмати ифтитоҳии он роҳ доданд.
Намояндагони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил баъди анҷоми ҷаласа гуфтанд, дар умум вазирон 11 масъаларо баррасӣ карданд. Як масъули созмон тасдиқ кард, ки аксари қарорҳо бидуни баҳс қабул шуданд.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, як созмони зери нуфузи Русия 31 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст. Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки ИДМ як созмони “шаклногирифта ва бесамар” аст.
Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Кишварҳои назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстония ҳеҷ гоҳ аъзои ин созмон набуданд. Гурҷистон баъди ҷанги моҳи августи соли 2008 бо Русия аз узвияти СНГ хориҷ шуд.
Украина ба далели мухолифатҳояш бо Русия ва ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 чанд сол боз намояндагони худро ба нишасти созмон намефиристад.