Абдубосит Шодиниё, ёвари мудири Маркази Миллии Тестӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар марҳилаи асосии сабтиноми довталабон, ки аз 1-уми март то 30-юми апрели имсол гузашт, беш аз 92 ҳазор кас ҳуҷҷат супоридаанд.
Радиои Озодӣ: Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта камтар аст ё зиёдтар?
Абдубосит Шодиниё: "Агар маълумоти омориро вобаста ба ду гуруҳи довталабон муқоиса кунем, омори хатмкунандагони синфҳои 11 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 11 ҳазор нафар камтар аст. Аммо дар мавриди хатмкунандагони синфҳои нӯҳ ҳолат баръакс аст. Яъне, нисбати соли гузашта ин гуруҳи довталабон ҳазор нафар бештаранд."
Радиои Озодӣ: Соли 2021 теъдоди довталабон нисбат ба соли 2020 коҳиш ёфта буд ва таҳлилгарон инро ба баста шудани кафедраҳои ҳарбӣ рабт доданд. Оё имсол ҳам чунин вазъ мушоҳида шудааст?
Абдубосит Шодиниё: "Барои мушаххас кардани чунин омилҳо бояд пажӯҳишҳои махсус гузаронида шавад ва танҳо дар пайи он метавон ба ин суол ҷавоби дурусту комил дод. Агар мо соли 2021-ро таҳлил кунем, дар ҳақиқат, теъдоди довталабоне, ки синфи 11-ро хатм кардаанд, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2020 ҳудуди 8,5 ҳазор камтар буд. Гап сари он аст, ки дар инҷо якчанд омилҳо таъсир расонд. Барои мисол, соли 2021 теъдоди хатмкунандаҳои мактабҳо камтар буданд. Соли 2020 бинобар пандемия шаҳрвандони Тоҷикистон натавонистанд, ба хориҷи кишвар барои таҳсил раванд. Теъдоди довталабон аз ҳамин ҳисоб зиёд шуда буд. Соли 2021 роҳҳо кушода шуд ва онҳо барои таҳсил ба хориҷ рафта тавонистанд. Фикр мекунам, баҳогузории яктарафа хуб нест ва бояд омилҳои онро дар асоси як таҳқиқоти сартосарӣ муайян кард."
Радиои Озодӣ: Фурсати такрории сабтином аз кай шуруъ мешавад ва киҳо метавонанд иштирок кунанд?
Абдубосит Шодиниё: "Барои он шахсоне, ки дар марҳилаи асосӣ, аз 1-уми март то 30-юми апрел, натавонистанд худро сабтином кунанд, фурсати иловагии бақайдгирӣ дода мешавад, ки аз 10 то 30-юми июн сурат мегирад. Бояд гӯям, бақайдгирии довталабон танҳо дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Онҳое, ки пас аз анҷоми даври асосӣ тасмими иваз кардани ихтисосҳои худро доранд, имкон доранд, дар марҳилаи такрорӣ ширкат кунанд. Ҳамчунин, онҳое, ки дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ё дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд ва шахсоне, ки хидмати ҳарбиро адо кардаанд, метавонанд, ҳуҷҷат супоранд. Пас аз ин, тибқи нақша, даври асосии имтиҳонҳо аз якум то 7-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда мешаванд."
Радиои Озодӣ: Аз рӯи оморҳое, ки марказ дорад, имсол кадом ихтисосҳо ба қавле серхаридоранд?
Абдубосит Шодиниё: "Имсол ҳам чун солҳои пешина аз рӯи ихтисосҳои серинтихоб дар ҷои якум тиб, биология ва варзиш меистанд. Дар ҷои дуюм ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ. Дар ҷои сеюм, филология, педагогика ва санъат. Мутаассифона, чун солҳои қабл, география ва табиӣ ва техникӣ нисбатан камтар интихоб шудаанд. Барои як ҷой дар бахши “Эпидемиология, гигиена ва ҳифзи саломатӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 533 нафар довталаб ҳастанд. Барои як ҷой дар бахши “Ташхиси судӣ” -и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 348 довталаб сабтином шудаанд."
Радиои Озодӣ: Имсол чӣ қадар аз довталабон метавонанд ройгон ба муассисаҳои оливу касбӣ дохил шаванд?
Абдубосит Шодиниё: "Соли ҷорӣ бояд ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 62 ҳазору 288 кас қабул карда шаванд. Аз ин бештар 11 ҳазор ҷой бепул аст. Дар омӯзишгоҳҳои касбӣ, ки хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-умро қабул мекунанд, 43 ҳазору 709 довталаб қабул карда мешаванд, ки дар онҳо 8994 ҷойи ройгон пешбинӣ шудааст."
Радиои Озодӣ: Чанд дарсади довталабон духтарон ҳастанд?
Абдубосит Шодиниё: "Дар соли дуюми кори Маркази миллии тестӣ ҳиссаи духтарон ҳудуди 38 дарсадро ташкил медод. Соли 2021 ин рақам ба 45 дарсад расид. Агар солҳои пеш аз 2014-ро ба назар гирем, метавон гуфт, теъдоди духтарон ҳудуди 10 дарсад афзоиш ёфтааст."