Пас аз зуҳри 12-уми май заминларзаи сахте Тоҷикистонро такон дод.
Дар Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, "заминларза соати 15:27 ба вақти маҳаллӣ рух дод."
Ба ҳисоби мутахассисони ин ниҳод, маркази заминларза дар 173- километрии ҷанубу ғарби Душанбе, дар ҳудуди Узбекистон, буда, "шиддати заминларза дар марказ 6 ва дар Душанбе 3-4 дараҷаи Рихтер буд".
Баъзе аз марказҳои зилзиланигории ҷаҳон низ маркази заминҷунбиро Бойсуни Узбекистон ва шиддаташро то шаш дараҷа гуфтаанд.
Сокинон мегӯянд, заминларзаро дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ҳис карданд ва он "сахту тӯлонӣ" буд.
Тоҷикистон ва кишварҳои атрофи он минтақаи зилзилахез ба шумор мераванд ва дар гузашта шоҳиди заминҷунбиҳои пурталафоту фоҷеаборе будаанд.