Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тоҷикистон дрон медиҳад, вале пойгоҳ намесозад. ВИДЕО


Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон
Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад.

Дар доираи ин кумакҳо Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон дрон ё паҳбодҳои "Puma" ва дигар намуд таҷҳизот дарёфт мекунад. Ин дронҳо 20 миллион доллар арзиш доранд ва ба гуфтаи сафири ИМА, ба хотири ҳифзу назорати марзҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷон Марк Поммершайм зимни як нишаст дар Душанбе аз хатари гурӯҳҳое дар шимоли Афғонистон гуфт, ки нияти анҷоми амалҳои террористӣ дар хориҷ аз Афғонистонро доранд. Вале бо ин вуҷуд ӯ гуфт, Амрико дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ намесозад.

Видеро инҷо тамошо кунед:

Амрико ба Тоҷикистон 60 миллион доллар кӯмак мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Нишасти хабарии Сафири Амрико дар бораи 30 соли равобити Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон рӯзи 10-уми май дар Душанбе баргузор шуд. Сафир аз равобити ду кишвар тавсиф кард ва аз миллионҳо доллар кумаки Амрико ба Тоҷикистон ёд намуд. Аз ҷумла Ҷон Марк Поммершайм гуфт, “ИМА кумакрасони рақами яки Тоҷикистон дар соли 2022 мебошад.”

Аммо рӯзноманигорон ин ҳарфҳои сафирро ба чолиш кашида гуфтанд, сармоягузории Амрико ба иқтисоди Тоҷикистон дар 30 сол ночиз буд. Ҷон Марк Поммершайм дар посух ба ин суол гуфт, онҳо ҳаққи маҷбур кардани сармоягузоронро надоранд ва ҳар кишвар бояд бо фароҳам овардани шароит сармояро ҷалб кунад.

“Сармоягузорон пеш аз онки сармояи худро ба ягон кишвар ворид кунанд, ба якчанд омилҳо эътибор медиҳанд. Пеш аз ҳама масъалаи заминаи қонунгузорӣ, низоми андозбандӣ дар он кишвар ва сода будани пешбурди фаъолият. Инчунин онҳо ба дастовардҳои дигар ширкатҳои хориҷӣ дар ин ё он кишвар эътибор медиҳанд, ки то чӣ андоза дигар ширкатҳо дар ҳамин кишвар ба муваффақиятҳо ноил гардиданд,”--гуфт ӯ.

Як суоли рӯзноманигорон аз Сафири Амрико ин буд, ки оё Вашингтон ба масъалаи маҳдуд шудани озодиҳо дар Тоҷикистон дигар чашм мепӯшад? Ҷон Марк Поммершайм ин интиқодро қабул накард ва баръакс гуфт, дар гузоришҳои солонаи Амрико ин нуктаҳо дарҷ мешаванд. Тамаркузи асосии сафири Амрико дар суҳбати як соатааш бо хабарнигорон, ҳамкории Душанбе ва Вашингтон дар масъалаи мубориза бо терроризм буд.

Ҷон Марк Поммершайм аз он тавсиф кард, ки ИМА ва Тоҷикистон “дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм як ҳамкории ҳамаҷониба ва чуқур доранд.” Далели ин ҳамкорӣ, ба гуфтаи ҷаноби Поммершайм, пеш аз ҳама хатарҳое аст, ки аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.

Сафири Амрико рӯзи 10-уми май бидуни инки аз ягон гуруҳи мушаххас ном барад, гуфт, "дар Афғонистон, хусусан дар қисми шимолии ин кишвар баъзе гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки нияташон ҳам дар дохили Афғонистон ва ҳам берун аз он амалиётҳои террористӣ анҷом додан аст.”

Бо ин вазъ, Ҷон Марк Поммершайм хабарҳо дар бораи ҷойгир кардани пойгоҳи Амрико дар Тоҷикистонро рад кард. Сафир афзуд, ҳамкории онҳо асосан дар доираи расонидани кӯмакҳо ба артиши Тоҷикистон барои посбонии марз бо Афғонистон аст. Аз ҷумла Амрико то соли оянда барои назорати марз бо Афғонистон, ба Тоҷикистон дронҳои "Puma" ва дигар таҷҳизотҳои назорати сарҳад медиҳад.

Тоҷикистону Амрико 30 сол пеш равобити дипломатӣ барқарор карданд. Дар ин муддат Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард доллар кӯмак кард. Давоми 30 соли ахир ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Амрико Тоҷикистонро ба далели нақзи пайвастаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, поймол шудани ҳуқуқи динӣ ва таъқиби дигарандешон интиқод кардаанд. Ин танқидҳо маъмулан аз сӯи Душанбе ё нодида гирифта мешаванд ва ё ҳам зери суол бурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG