Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ҳалокати як сарбозашро дар марз бо Афғонистон рад кард


Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар пайванд ба хабари оташкушоӣ дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ва ҳалокати як марзбони узбек, ки 4-уми май паҳн шуд, изҳорот нашр кард.

"Ин хабари паҳншуда ҳақиқат надорад. Вазъ дар марзҳои кишвар ором мемонад ва муҳофизати сарҳадҳои ҷанубии кишвар тибқи маъмулӣ идома дорад", - омадааст дар изҳорот.

Намояндаи расмии ҳукумати муваққати гуруҳи Толибон дар Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ хабари тирпарониро дар марз бо Узбекистон рад карда, онро "дурӯғ" номидааст.

XS
SM
MD
LG