Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобиҳои селу обхезӣ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Боронгариҳои як рӯзи ахир боиси омадани сел дар чандин минтақаҳои Тоҷикистон шуд.

Тибқи наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, баъд аз зуҳри 4-уми май бар асари омадани сел як пул дар ноҳияи Панҷ хароб шудааст. Сел ҳамчунин ба роҳи миёни ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун осеб расондааст. Дар як наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки сел роҳро хароб кардааст. Муаллифи ин навор мегӯяд, ин роҳе аст, ки Панҷро бо пойтахт пайваст мекунад.

Масъулини бахши ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, рӯзи гузашта об ба заминҳои наздиҳавлигии 30 оила осеб расондааст. Як масъули бахши ҳолатҳои фавқуллода дар минтақа гуфт, хатари омадани сел ба тамоми шаҳр хеле зиёд буд.

Сел ҳамчунин чанд сар гӯсфанду бузро дар ноҳияи Восеъ бурдааст. Хабарҳо аз омадани сел дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Суғд ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода то ҳол дар ин замина шарҳи расмӣ надодаанд. Маълум нест, ки офати табии рӯзи гузашта дар кишвар талафоти ҷонӣ дар пай дошт ё не. Ҳаҷми хисороти расида ҳанӯз муайян нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода қаблан ҳушдор дода буд, ки хатари омадани сел дар кишвар то рӯзи 6-уми май зиёд аст.

XS
SM
MD
LG