Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба Амрико рафта метавонад? Шарҳи консули ИМА дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Тодд Ҳюз, консули Амрико дар Тоҷикистон
Тодд Ҳюз, консули Амрико дар Тоҷикистон

Сафорати Амрико хабар дод, ки аз моҳи октябри имсол ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.

Нашри ин хабар суолҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Бисёриҳо пурсиданд, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд раводид ё виза гирифта барои кор ба Амрико раванд? Чигуна мумкин аст раводиди муҳоҷирати Амрикоро дастрас кард? Барои рӯшанӣ андохтан ба мавзуъ Тодд Ҳюз, консули Амрико дар Тоҷикистонро ба Радиои Озодӣ даъват кардем. Нахуст аз ҷаноби Тодд Ҳюз дархост кардем, то ба масъалаи додани раводиди муҳоҷират дар Душанбе рӯшанӣ андозад.

Тодд Ҳюз: Пеш аз ҳама сипоси бепоён, ки маро барои ин суҳбат даъват кардед. Бо истифода аз фурсат, фарорасии иди Фитрро ба ҳамаи тоҷикистониён муборакбод мегӯям. Дар посух ба суоли тарзи гирифтани раводиди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амрико, ду роҳи асосиро зикр мекунам. Роҳи якум ба воситаи пайвандҳои оилавӣ, роҳи дуввум тавассути барномаи визаи гуногунии миллӣ ё тавре мегӯянд Грин корт. Роҷеъ ба роҳи аввал, яъне бо истифода аз робитаҳои хонаводагӣ, мазмунаш ин аст, ки агар ягон узви оилаи шумо дар Амрико бошаду шаҳрванди Амрико ё дорандаи Грин корт бошад, метавонад барои аъзои оилаи худ, ки дар Тоҷикистонанд, ариза супорад. Супоридани ариза тавассути Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷиратии ИМА (USCIS) анҷом дода мешавад. Вақте ариза тасдиқ шуд, он аъзои оила, ки ба номаш ариза омадааст метавонад, худро барои мусоҳиба дар Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе номнавис кунад. Дар бораи раводид барои миллатҳои гуногун ё барномаи Грин корт аз ман зиёд мепурсанд. Шояд донед, ки барномаи Грин корт ҳар сол баргузор мегардад ва ҳар сол моҳи май нафароне, ки ариза супоридаанд, мефаҳманд, ки оё интихоб шудаанд ё на. Беҳтарин роҳи дарёфт кардани маълумот бобати ин барнома, даромадан ба сомонаи расмии Котиботи давлатӣ бо нишони travel.stat.gov аст.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Шаҳрвандон дар Душанбе раводиди сафар ба Амрико хоҳанд гирифт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:50 0:00

Радиои Озодӣ: Яъне, агар дуруст фаҳмида бошам, раводиди муҳоҷирати Амрико барои ду гурӯҳ аст: онҳое, ки хешу таборашон дар Амрико шаҳрвандӣ ё Грин-корт доранд ва барои онҳое, ки худашон соҳиби Грин-корт мешаванд?

Тодд Ҳюз: Ин ду роҳи асосии гирифтани раводиди муҳоҷиратӣ аст. Яъне ба воситаи аъзои оилае, ки метавонад ариза супорад. Барои супоридани ариза он нафар, ки дар Амрико аст, бояд ба талаботи супоридани ариза ҷавобгӯ бошад. Ва роҳи дувумаш иштирок дар барномаи Гринт-корт аст.

Радиои Озодӣ: Як суоли дигаре, ки бисёр мепурсанд. То ин вақт агар касе соҳиби Грин корт мешуд, ба шаҳри Алмаато мерафт ва онҷо аз суҳбати сафорат мегузашт. Яъне ҳоло барандагони Грин корт барои суҳбат ба Алмаато намераванд, балки ин суҳбат дар Сафорати Амрико дар Душанбе мегузарад?

Тодд Ҳюз: Бале, дуруст аст. Ин ҷараён аз 4-уми октябри соли ҷорӣ оғоз мешавад. Пештар нафароне, ки мебоист ба Алмаато мерафтанд, акнун метавонанд ба Сафорати Амрико дар Душанбе ариза супоранд ва аз мусоҳиба гузаранд. Яъне дигар ниёз нест, ки билет харида, ба Алмаато раванд ва онҷо дар меҳмонхона зиста мунтазир бимонанд. Акнун ҳамаашро метавонанд дар Сафорати Амрико дар Душанбе анҷом диҳанд.

Радиои Озодӣ: Чаро тасмим гирифта шуд, ки дар Душанбе ҳам визаи муҳоҷират содир шавад?

Тодд Ҳюз: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон имсол 30-солагии равобити дипломатии худро ҷашн мегиранд. Чи хеле ки Сафир Поммершайм қайд карданд, ин як марҳилаи таърихӣ мебошад. Яъне имконияти пешниҳод кардани хидматрасониҳо роҷеъ ба раводидҳои муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон, дар равобити ду кишвар яке аз пешрафтҳои мусбат мебошад. Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе соли 2006 ба пешниҳоди хидматрасониҳои консулӣ шуруъ кард. Мо аз чӣ оғоз кардем? Аз пешниҳоди раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ, аз ҷумла раводидҳои сайёҳӣ, донишҷӯӣ ва ҳамчунин хидматрасониҳо барои шаҳрвандони Амрико. Чи хеле ки худатон қайд кардед, то ин дам барои гирифтани раводиди муҳоҷиратӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Алмаато бояд мерафтанд, то дар онҷо ин ҷараёнро гузаранд. Азбаски мо имсол 30-солагии равобити ду кишварро қайд мекунем ва равобити пурсамар дорем, тасмим гирифтем, ки имсол бо ҷашнгирии 30-солагии равобити дипломатиамон шуруъ кунем ба пешниҳоди хидматрасониҳои раводидҳои муҳоҷиратӣ дар худи Душанбе. Ин иқдом барои ман ҳам ҳаяҷоновар мебошад. Чун вақте ман соли 2004 бори аввал ба Тоҷикистон омадам, ҳатто пеш аз оне, ки Сафорати Амрико метавонист хидматрасониҳои консулиро пешниҳод кунад, ин хадамот умуман набуданд. Акнун баъди қариб 20 сол ман метавонам гӯям, ки тамоми намуди хидматрасониҳои консулӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафорати Амрико дастрас мебошанд.

Радиои Озодӣ: Шаҳрвандони боз кадом давлатҳо метавонанд раводиди муҳоҷирати Амрикоро аз Душанбе дарёфт кунанд?

Тодд Ҳюз: Мусоҳибаҳо барои дарёфти раводидҳои муҳоҷиратӣ ё Грин корт барои шаҳрвандон ва сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасанд.

Радиои Озодӣ: Шумо пештар гуфтед, ки Сафорати Амрико дар Душанбе метавонад тақрибан ҳама намуд раводидро содир кунад. Суолам ин буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон кадом намуд раводидҳои Амрикоро дарёфт карда метавонанд?

Тодд Ҳюз: Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути Сафорати Амрико дар Душанбе раводидҳои муҳоҷиратиро дарёфт кунанд. Боз визаҳои ғайримуҳоҷиратӣ. Раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ кадом намуд раводидҳоро дарбар мегирад? Визаҳои сайёҳӣ, донишҷӯӣ ва баъзе намуд раводидҳои корӣ.

Радиои Озодӣ: Оё барномае ҳаст, ки тоҷикон рафта як муддат дар Амрико кор кунанд ва баргарданд? Ба ҷуз аз барномаи Гринт-корт.

Тодд Ҳюз: Шаҳрвандони Тоҷикстон метавонанд барои муддати кутоҳ ба Амрико тавассути раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ, яъне раводидҳои сайёҳӣ, донишҷӯӣ ва баъзе намуд раводидҳои корӣ бираванд. Агар гап дар бораи визаҳои корӣ равад, шарти гирифтани чунин раводиди сафар ҳамин аст, ки шаҳрванд аввал бояд дар Амрико кордиҳанда пайдо кунад. Кордиҳанда барои коргар бояд ариза супорад ва ариза бояд дар Амрико тасдиқ шавад. Баъд аз оне, ки тасдиқ шуд, аризадиҳанда метавонад барои мусоҳиба худро номнавис карда, ба Сафорати Амрико дар Душанбе биояд.

Радиои Озодӣ: Раванди муҳоҷирати тоҷикистониҳо ба Амрико чӣ гуна аст? Агар имкон бошад, бигӯед, ки тақрибан чӣ шуморе аз тоҷикистониҳо солона ба Амрико барои кору зиндагӣ мераванд?

Тодд Ҳюз: Ҳарду ҳам саволи бисёр хуб буд, аммо мутаассифона, ман посух ба ин суолҳоро намедонам.

Радиои Озодӣ: Ба суоли якум?

Тодд Ҳюз: Ҷавоб ба саволи якум ин аст, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амрико ин аст, ки барои онҳо аввал дар Амрико ариза супорида шавад. Супоридани ариза тавассути Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷиратии ИМА (USCIS) бояд анҷом шавад. Вақте Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷиратӣ аризаро тасдиқ мекунад, он шаҳрванд метавонад ба Сафорат омада, мусоҳибаи худро гузарад. Манбаи беҳтарини дарёфти маълумот дар бораи ин ҷараён ин сомонаи расмии travel.stat.gov аст.

Радиои Озодӣ: Дар охир агар ба мардуми Тоҷикистон гуфтание дошта бошед, шуморо гӯш мекунем.

Тодд Ҳюз: Сипоси зиёд барои чунин имконият. Тавре қайд кардам, соли 2004 бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Он вақт ҳатто издивоҷ накарда будам, чанд вақт баъд издивоҷ кардам. Ин бори дуюм аст, ки ман ба Тоҷикистон омадам. Ин дафъа ҳамроҳи ҳамсарам. Яъне бори дуюм аст, ки ҳамчун корманди Сафорати Амрико ба Душанбе омадам. То анҷоми маъмурияти ман якуним сол монд. Ман аллакай ғамгинам, ки аз ин кишвар меравам.

XS
SM
MD
LG