Гуруҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” масъулияти бомбгузорӣ дар як автобуси мусофирбар дар Кобулро бар уҳда гирифт, ки дар натиҷаи он як нафар кушта ва се тани дигар маҷруҳ шуданд.
Ин гуруҳ дар як баёнияе дар рӯзи 1-уми май гуфт, ки бомбгузорӣ дар рӯзи 30-уми апрел кори дасти ҷангҷӯёни ДОИШ будааст. Рӯзе пештар аз ин дар натиҷаи як бомбгузории дигар дар масҷиди Халифа Соҳиб дар шаҳри Кобул 10 нафар кушта ва 30 каси дигар захмӣ шуд. Муфтии масҷид гуфт, теъдоди қурбониён аз 50 нафар ҳам зиёдтар будааст.
Дар ду ҳафтаи гузашта ва дар моҳи Рамазон даҳҳо нафар дар натиҷаи ҳамлаҳои хунин ҷон доданд. Гуруҳи ДОИШ масъулияти чанде аз ин ҳамлаҳо аз ҷумла қатли шиамазҳабону сӯфиёнро бар уҳда гирифт. Рӯзи 22-уми апрео дар натиҷаи як таркиш дар хонақоҳи сӯфиён дар шаҳри Қундуз 30 нафар ҷон доданд.