Як созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо 18 сол зиндонӣ шудани Амриддин Аловатшоев, чеҳраи шинохта дар байни ҷавонони Бадахшонро сахт танқид кардааст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Варшава, ҳукми Аловатшоевро “золимона, ноодилона ва ғайриқобили қабул” хонд.
“Ин ҳукм нишонаи он аст, ки барои ҳукумати Тоҷикистон дигар ҳаёти шаҳрванд, ҳуқуқи ӯ, Қонуни асосӣ ва дар умум ҷорӣ будани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои инсонӣ ҳеч маъно ва аҳаммияте надоранд,” – омадааст дар баёнияе, ки 29-уми апрел нашр шуд.
Масъулони созмон дар баробари ниҳодҳои байнулмилалӣ аз мардуми Тоҷикистон низ хостаанд, ки “кӯшиш кунанд, волоияти қонун дар кишвар барқарор шавад.”
Ҳукми Аловатшоевро дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе эълон карданд. На ҳама ба он роҳ ёфтанд. Мурофиаи ӯ 29-уми апрел оғоз шуд ва дар ҳамон рӯз ба поён расид ва нигарониҳоро дар бораи шаффофу дуруст будани ҳукм ба бор овард.
Тафсилоти ҳукм дастрас нест, аммо қаблан мақомот ӯро ба гаравгонгирӣ муттаҳам карда буданд. Пайвандонаш то ҳол дар мавриди тасмими баъдияшон чизе нагуфтаанд. Дар гузашта ба иттиҳомҳои эълоншуда ба зидди ӯ розӣ набуданд.
Амриддин Аловатшоев моҳи январи имсол дар Русия нопадид ва дар Тоҷикистон “пайдо” шуд. Додситони кул моҳи феврал гуфт, ӯ истирдод шудааст, вале вазири корҳои дохилӣ гуфт, бо хоҳиши худ баргашту дастгир шуд.
Боздошти ӯ пас аз он иттифоқ уфтод, ки моҳи ноябри соли 2021 дар пасманзари ҳодисаҳои Хоруғ, тазоҳуротеро дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия раҳбарӣ кардааст. Амриддин Аловатшоев солҳои охир дар Русия кору зиндагӣ мекард.